Муколама оид ба мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ

282 просмотров

21 декабр дар қаҳвахонаи «Хушбахтӣ», воқеъ дар шаҳри Хуҷанд муколамаи ҷомеаи вилояти Суғд дар мавзўи «Васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта ва оилаи онҳо» доир гардид.

Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ намояндагон аз Парлумони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва дафтари Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, ташкили чунин муколамаҳоро дар роҳи ҳалли муаммою мушкилоти соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ муҳим арзёбӣ карданд.

Дар идома вобаста ба масъалаҳои дастрасӣ ба маълумот ва кўмаки ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта, девирсификатсияи бозори муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон, ҳифзи иҷтимоию ҳифзи саломатӣ ва дастрасии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта ба касбомўзӣ, шуғл, ташкил ва идораи бизнеси хурд аз ҷониби иштирокчиён мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷира ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро дар ин муколама муовини Сардор Ҷамшедхон Сайфуллозода намояндагӣ ва дар мавзўи дастрасӣ ба маълумот ва кўмаки ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта суханронӣ кард.

 

                                                                                       Мардон ҚУРБОНОВ