Паём – дастурамали рӯйимизии кормандони Хадамоти муҳоҷират

345 просмотров

26 декабр дар Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилояти ҷумҳурӣ тамошои оммавии Паёми навбатии Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.

Ҷои зикр аст, ки Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав — терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархурди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани бӯҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад.

Баъди тамошои Паём Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода роҷеъ ба нуктаҳои муҳими Паём андешаронӣ  намуда, ба кормандони дастгоҳи марказии Хадамот дастур дод, ки барои амалӣ намудани он нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, тамоми кормандони зерсохторҳои Хадамотро мазмун ва моҳияти Паёми Президенти мамлакатро расонанд.

– Паёми Пешвои миллат бояд дастури рӯйимизии роҳбарият ва кормандони Хадамот бошад, – таъкид кард Т. Каримзода.

Гуфта метавонем, ки соли 2018 барои мардуми тоҷик соли амалишавии ормонҳои миллӣ аст. Зеро дар ин сол орзуи чандинсолаи хурду бузурги мамлакат– ба кор оғоз кардани агрегати якуми иншооти тақдирсоз: Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва истеҳсоли барқи аввалин дар он амалӣ гардид. Барҳақ, НБО «Роғун» ҳамчун Кохи бузурги нур дилҳои мардуми моро ба имрӯзу оянда гарму равшан мекунад, дар рӯдҳои нурофари кишвар неругоҳҳои нави барқӣ бунёд мешаванд, захираҳои азими энергетикӣ ва азму талоши созандагии халқ бо ҳидоятҳои бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро беш аз ин шукуфонтар месозанд ва бо бунёди ин иншооти азим мардуми тоҷик ба саодати зиндагӣ комёб мегарданд.

Дар маҷмӯъ, кормандони Хадамоти муҳоҷират якдилона Паёмро маъқул мешуморанд, ҷонибдорӣ мекунанд ва барои таъмини иҷрои саривақтии вазифагузориҳои мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои танзими раванди муҳоҷират, касбомӯзонию забономӯзонӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳли ҷомеа, ташвиқу тарғиби дастовардҳои Истиқлолият ва сиёсати давлату Ҳукумат, пешгирии омилҳои номатлуб, бузургдошти забони давлатӣ, дастгирии ниёзмандон ва ғайра мунтазам кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Ин Паёмҳои анъанавӣ барои ҳар як сокини мамлакат роҳнамо ва барномаи амал буда, самтҳои фаъолиятамонро барои як соли оянда ва солҳои дигар муайян мекунанд. Ҳамагон бояд ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат аз як гиребон сар барорем ва рушду ободии Ватанамонро таъмин намоем.

                                                                                             Анвар ЮСУПОВ