Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

258 просмотров

Чуноне ки ҳамагон медонем, ҳамасола дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  роҳҳои расидан ба ормонҳои миллӣ мавриди баррасии хос қарор дода шуда,  барои ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтани ин ё он соҳаи муҳим як соли минбаъдаи рушд номгузорӣ мегардад.

Соли сипаригардида низ тамоми мардуми кишвар бо боварӣ пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмонро  дастгирӣ намуда, барои дар амал татбиқ намудани супоришҳои сарвари давлат саъйу талоши беандоза карданд. Кӯшишҳои ҳамаҷонибаи давлату ҳукумат барабас нарафта, дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми натиҷаи дилхоҳ ба даст омад. Вале ин муддат барои муаррифӣ намудани тамоми имконоти мавҷудбуда ва расидан ба ҳадафи ниҳоӣ  дар соҳа нокифоя буд. Маҳз ба ҳамин хотир дар паёми навбатиашон Пешвои муаззами миллат солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  эълон карданд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ин нуқтаи назари Ҷаноби Олӣ барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми деҳот, ҳарчи бештар ҷалб намудани сайёҳони хориҷӣ, барқарор намудани ҳунарҳои ниёгон, ба ин восита ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамчун  қадами  назаррас хизмат хоҳад кард. Ин андешаи Пешвои муаззами миллат фарогири фаъолияти ҳамарӯзаи мардум қарор хоҳад гирифт.

Соли гузашта, ки барои мардум ва кишварамон соли хотирмон ва пур аз комёбӣ буд, заминаҳои мусоид барои шукуфоии соҳаҳои ҳаётан муҳими халқ пайдо гардида,  оид ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҷриба касб гардидааст. Аз таҷрибаҳои соли 2018  ба хулосаи аниқ  омадан мумкин аст, ки ба кадом нуқта бояд диққати бештар дод ва кадом камбудиҳоро бояд ислоҳ намуд.

Тасмими солҳои 2019-2021-ро ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудан, албатта, баъд аз таҳлилҳои ҳамачонибаи илмиву амалӣ гирифта шуд.  Ба ҳамаамон маълум аст, ки захираҳои сайёҳӣ  ду навъ, яъне табиӣ ва таърихӣ-маданӣ мешаванд, ки сарзаминамон аз ҳардуи ин захираҳо бой аст. Тоҷикистон сарзаминест, ки бо вучуди пешрафти босуръати саноат ва иқтсод, омилҳои экологиаш зараре наёфтаанд. Мисоли ин гуфтаҳо НОБ-и Роғун аст, ки ба иқтидори гушношунидаш нигоҳ накарда, ба табиат ягон зараре намерасонад, муҳитро халалдор намегардонад ва дар раванди кор партов ҷудо намекунад. Тамоми ин нишондодҳо ва мавқеъи хуби ҷуғрофии мамлакатамон  сабаби афзудани майли шаҳрвандони хориҷӣ барои дидан намудан аз манотиқи гуногуни кишвар мегардад.

Тараққӣ ёфтани соҳаи сайёҳиро бе рушди деҳот ва касбу косибии мардумӣ тасаввур кардан имконнопазир аст, зеро ин се соҳа ба ҳамдигар иртиботи зич доранд. Дуруст аст, ки мегӯянд пойтахт оинаи кишвар аст, вале ҳар як сайёҳи ба кишвар воридгардида мехоҳад натанҳо аз пойтахт дидан кунад, балки  бештари онҳо ба шиносоӣ бо ҳунарҳои мардумӣ ва дидан намудан аз манотиқи куҳӣ ва намунаи меъмориҳои қадима  майл доранд. Аз таърихи мамолики пешрафта бараъло мушоҳида мегардад, ки ҷалб намудани инвесторони хориҷӣ ба воситаи рушди ин се соҳа нисбатан осон аст. Пас гуфта метавонем, ки дар се соли минбаъда барои рушди иқтисод баҳтарин заминаҳо пайдо мегарданд.

Бо эълон гаштани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” тамоми қишри ҷомеа, аз ҷумла аҳли деҳот бо дарки баланди эҳсоси ватандустӣ ба татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат оғоз намуданд. Гуфта мешавад, ки ҳарчанд нисбати солҳои пешин сатҳи зиндагии мардуми деҳот беҳ гашта бошад ҳам, то кунун мушкилоти ҷиддие, аз қабили набудани нуқтаҳои тиббӣ, мактабҳо ва роҳҳо то маркази ноҳия ба назар мерасиданд. Умед бар он меравад, ки дар сесолаи ободкорӣ  сатҳи зиндагии мардуми деҳот боз ҳам баландтар мегардад.

Аз ин лиҳоз бояд ҳамаи мардуми Тоҷикистон, барои ноил шудан ба ҳадафҳои неки хеш чун ангуштони як панҷа бошем ва дар раванди татбиқшавии сиёсати ҳукумат, боз ҳам ободтар намудани мулки аҷдодӣ ва сохтани ояндаи дурахшон барои наслҳои минбаъда дастуру ҳидоятҳои Пешвои оқилу доноро сармашқи кор қарор дода, кушиши ниҳоӣ ба харҷ диҳем.

 

Корманди     шуъбаи муносибатҳои

байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва

ҳамватанони бурунмарзӣ

                Нурулло Ғафуриён