Сарвату ҳастии худро дар ободонии Ватани худ сарфа менамоем…

1,341 просмотров

Аъзоёни Ҷамъияти маданӣ-автономии тоҷикони шаҳри Толяттии вилояти Самараи Федератсияи Россия «Ватан» муҳтавои Паёми навбатии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ қарор доданд.

Раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Толятти Шароф Азимов дар суҳбаи телефонӣ хабар дод, ки аъзоёни Ҷамъият нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бо дарки масъулият қабул карда, ба хулосае омаданд, ки сарвату ҳастии худро дар ободонии Ватан сарфа менамоянд. Чуноне дар  Паёмаш Пешвои муаззами мо бо диди хеле амиқ ва ҳаматарафа санҷидашуда вазъи мавҷудаи ҳаёти ҷомеа ва пешбинии самти инкишофи онро барои солҳои минбаъдаи ҷумҳурӣ муайян намудаанд. Ҳамчунин дарки муносиби муҳтавои Паём ҳар як сокини кишварамонро ба он умедвор менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир сол ба сол таваҷҷуҳи худро ба беҳбуд бахшидани зиндагии мардум зиёдтар намуда, кафолати ҳаёти осоиштаю сулҳомезро истеҳком мебахшад. Муқоисаи рақамҳои оморие, ки дар Паём барои нишон додани суръати рушди иқтисодии ватанамон оварда шудаанд, дар замири ҳар фарди ин диёр ҳисси баланди ифтихору масъулиятшиносиро ҷой медиҳад.

Ҳамчунин дарки муносиби муҳтавои Паём ҳар як сокини кишварамонро ба он умедвор менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир сол ба сол таваҷҷуҳи худро ба беҳбуд бахшидани зиндагии мардум зиёдтар намуда, кафолати ҳаёти осоиштаю сулҳомезро истеҳком мебахшад. Муқоисаи рақамҳои оморие, ки дар Паём барои нишон додани суръати рушди иқтисодии ватанамон оварда шудаанд, дар замири ҳар фарди ин диёр ҳисси баланди ифтихору масъулиятшиносиро ҷой медиҳад.

Айни замон зиёда аз ду ҳазор шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар шаҳри Толятти ва ноҳияҳои гирду атрофи он кору фаъолият менамоянд Паёми навбатиро алакай сармашки кори ҳаррӯзаи худ қарор додаанд» – иброз намуд Ш.Азимов.

Бояд гуфт, ки Ҷамъияти маданӣ-автономии тоҷикони шаҳри Толятти 750 нафар аъзо дошта, ҳар як корманди масъули он бо корҳои вобаста карда шуда машғуланд.  Яке бо қайди муҳоҷирони меҳнатӣ банд бошад, дигаре бо таъмини кори доимӣ, иҷозаи кор ва патент машғул аст. Бояд қайд кард, ки аъзоёни ҷамъиятро аслан шаҳрвандон аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳуриамон ташкил медиҳад. Яке аз вилояти Хатлон, дигаре аз водии Ҳисор, сеюмин аз Суғд ва чорумин аз Бадахшон мебошад. Чунин сарҷамъӣ ба онҳо имконият медиҳад, ки қариб ҳамаи ҷашну маросимҳои миллиро ботантана пешвоз гиранд.

Ин иқдом дар ҷамъияти тоҷикони шаҳри Толяттӣ баръало инкос мегардад. Як чизи дигаро низ қайд намоем, ки дар Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Толяттӣ ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон «Зарвар» ташкил карда шудааст, ки 500 нафар аъзо дорад. Раисии ташкилоти ибтидоии ҳизбиро худи Шароф Азимов ба ӯҳда дорад.

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Толяттии вилояти Самараи Федератсияи Россия Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омили муҳими таъсирбахши  рушди ҷомеа ва рӯйдоди сарнавиштсози ватани азизамон меҳисобанд. Он дар назди  кормандони Хадамот ва тоҷикони бурунмарзӣ вазифаҳои умдаи ҳалталаб мегузорад, ки иҷрои онҳо рушду тавсеаи кишвари моро дар соли равон ва ояндаи наздик таъмин менамояд.

                                                                                             Таҳияи

                                                                                          Анвар ЮСУПОВ