Ободонии Ватан ифтихор аст

1,224 просмотров

 

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон, ки санаи 26 декабри соли 2018 ба мақоми олии қонунгузори кишвар ироа гардид, аз ҷумла чунин гуфтанд: “Бо арзи эҳтирому самимият ва миннатдорӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони хайрхоҳу ҳимматбаланд барои ташаббусҳои созанда мехоҳам як нуктаро таъкид намоям: ба раванди созандагии Ватан ҳар як шаҳрванди бонангу номусбояд саҳмгузор бошад ва ҳар фарди ҷомеа бояд касбу ҳунаре дошта бошад, ки бо истифода аз он зиндагии худро пеш барад”.

Боиси хурсандист, ки ин гуна дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро фарзандони асили миллат ва дар умум аҳли ҷомеа чун дастури амал ва роҳнамо қабул намуда, дар самти иҷрояшон кўшиш ба харҷ медиҳанд. Ин ҳолатро зимни сафари хизматӣ дар шаҳри Конибодом ба хубӣ мушоҳида кардем. Дар ин шаҳри бостонӣ ва деҳоти он имрўзҳо бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни мубораки 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ватанамон бунёдкорию созандагӣ дар авҷ аст ва дар иҷрои амалҳои хайр соҳибкорону ҳамватанони бурунмарзӣ низ саҳми сазовор мегузоранд.

Аз ҷумла аз ҷониби соҳибкор Мавлуда Маҳкамова сохтмони бинои истиқоматии баландошёнаи 120 ҳуҷрадор бо маркази замонавии савдо ва таваққуфгоҳи нақлиёт дар кўчаи марказии шаҳр оғоз гардид. Ҳамватани бурунмарзӣ Аҳадҷон Шарифов, ки дар хориҷа ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул аст, бо маблағи 800 ҳазор сомонӣ дар муассисиа таълимии хатмкардаи худ – дабистони №6 корҳои таъмиру навсозиро анҷом дод.

Дар ин радиф соҳибкор ва ҳамватани дигари бурунмарзиамон Муҳаррамҷон Тоҷибоева дар кўчаи Айнии шаҳр бо маблағи 748 ҳазор сомонӣ маҷмааи меҳмонхонаи замонавии “Ваҳдат”-ро бунёд намуд, ки бо иштироки бевоситаи Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Рўзи ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор гирифт ва айни замон корҳои ободонии дигар аз ҷониби ў роҳандозӣ шуда иастодаанд.

Раванди мазкур дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом низ хуб ҷараён дорад ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани солҳои 2019 – 2021 ҳамаҷиҳата ба ободу зебо гардидани онҳо мусоидат хоҳад кард. Истиқоматкунандаи деҳаи Маданияти Ҷамоати Деҳоти Ҳамробоев Ҷамила Сатторова бо бунёд намудани маркази савдою хизматрасонӣ дар ин самт ба дигарон намунаи ибрат гардид.

Дар роҳи ободонии Ватани маҳбуб ба ин нафарон ва ҳамаи ободгарони дигар барору комёбӣ таманно мекунем.

 

                                                                               Мардон ҚУРБОНОВ