Тоҷикони Перм: Замоне дар ҷустуҷӯи кор…

1,225 просмотров

 

Шаҳри Перм, вазъи тоҷикони ин минтақаи Русия тайи даҳ соли охир беҳбуд ёфтааст. Агар дар гузашта онҳо дар ҷустуҷӯи кор буданд, ҳоло соҳиби коргоҳу тиҷорати худ шудаанд. Тайи даҳ соли охир муҳоҷирони тоҷик дар ин минтақаи Русия шароити кору зиндагии худро беҳтар кардаанд.

Абдураҳмон Содиқов, дар айни даргириҳои дохилии Тоҷикистон аз ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон ба шаҳри Перм рафта, дар оғоз ба корҳои гуногун, аз ҷумла боркашиву борфарорӣ ва шустушӯи зарф дар ошхонаҳо машғул буд.

Дар ин муддат Абдураҳмон Содиқов фаъолияти худро равнақ дода як ширкати хусусии посбонии муассисаҳоро боз карда ва чанд нафар аз тоҷиконро ба кор гирифтааст. Мошини хусусӣ ва ҳавлии калон дорад. Хонаводаашро аз Тоҷикистон овардааст ва се писараш таҳсил мекунанд.

        Мастона, ӯ баъд аз фавти шавҳараш дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо се фарзандаш дар Варзоб танҳо мемонад ва барои тарбияву таъмини онҳо ба шаҳри Перм муҳоҷир мешавад. Бо вуҷуди доштани маълумоти олии омӯзгорӣ дар оғози муҳоҷират кам-кам орд харида, нон мепӯхту барои фурӯши онҳо бозор ба бозор мегашт.

​         Тавре дар суҳбати телефонӣ, корманди Маркази ғайридавлатии омӯзиши равандҳои муҳоҷирати вобаста ба кишвари Перм  Раҳматулло Мазориев,  мегӯяд. Мастона се фарзандашро аз Тоҷикистон ба Перм овард. Писари калониаш дар Донишгоҳи тиббӣ ва дувумӣ дар Донишгоҳи кишоварзӣ таҳсил мекунад. Худи Мастона техникуми «кулинария» – ро ғоибона хатм карда ҳоло устои калони корхонаи нонпазии шаҳр мебошад. Ин коргоҳ зери назари вай нону кӯлча ва кӯлчақанд мепазанд ва маҳсули дастони онҳо дар шаҳр муштарии зиёд дорад. Чанд зани тоҷик ва узбакро дар ин корхона ба кор гирифтааст.ӯ ҳам мошин ва хонаи хуб дорад.

        Акрамҷон Собиров, яке аз сарватмандони шаҳри Перм ба шумор меравад. ӯ мегӯяд: «Вақте омадам, ҳеч чиз надоштам. Ду-се соли аввал мушкилиҳо зиёд буд. Сабзавоти соҳибкоронро мефурӯхтам. Оҳиста-оҳиста худам рафта аз кишоварзон мехаридаму оварда мефурӯхтам. Нуқтаҳои савдои худро кушодам. Мушкилиҳо паси сар шуд».

Ҳоло Акрамҷон Собиров ошхонае сохта, коргоҳи қаннодӣ низ дорад. Дар таомхона 6 нафар ва дар коргоҳи қаннодӣ 22 нафар шаҳрвандони тоҷикро ба кор гирифтааст ва ба онҳо ҳар моҳ 30 ҳазор рубли русӣ дастмузд медиҳад. Гузашта аз ин, дар ноҳияи Қумсангир 4 гектар боғи мева ва фермаи говпарварӣ ташкил кард, ки 80 сар гов дорад. Дар ин ширкатҳояш тақрибан 50 нафар кор мекунанд ва ба ҳар яке аз онҳо рӯзе 30 сомонӣ музд медиҳад. Ҳамаи ин корҳо аз ҳисоби пулест, ки дар муҳоҷират ба даст овардааст.

Айни замон тақрибан 60-65 дарсади муҳоҷирони тоҷики вилояти Перм дар сохтмонҳо кор мекунанд. Дар бахши кишоварзӣ низ ҳастанд. Онҳое низ ҳастанд, ки бо тиҷорати хурд машғуланд.

Имрӯз дар Перм 7 ҳазору 295 нафар тоҷикистониён шаҳрвандии Русияро гирифтаанд ва худро дар миёни аҳолии маҳаллӣ шахси бегона эҳсос намекунанд. Дар ин миён барномаҳои мутобиқсозии муҳоҷирон бо шароити маҳал, аз қабили ҳамгароии онҳо, давраҳои махсуси омӯзиши забони русӣ бо ёрии созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҷамъияти тоҷикон ба онҳо кумак мекунанд.

Бар асоси шумориши аҳолии соли 1989 дар кишвари Перм дар маҷмӯъ 350 тоҷик зиндагӣ мекард. Вале дар шумориши дигари аҳолӣ дар соли 2018 теъдоди тоҷикон зиёда аз 23 ҳазор нафар расидаанд.

                                                                                   Анвар ЮСУПОВ