Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат

1,267 просмотров

 

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ба масъалаи ташкили корхонаву коргоҳҳо, фароҳам овардани ҷойҳои нави кор, бакорандозии иқтидорҳои истеҳсолии аз фаъолият бозмонда, ба касбу замономўзӣ ва меҳнати фоиданок ҷалб намудани аҳолии бешуғл, ҳамзамон мубориза алайҳи хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм эътибори махсус доданд.

Қобили қайд аст, кидар доираи вазифаҳои хизматӣ ва имкониятҳои мавҷуда сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷират дар самти мазкур корҳои муайянро ба иҷро мерасонанд.

Чунончи, бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд 17 январи соли равон дар ҳамкорӣ бо бахшҳои ноҳиявии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш чорабинии иттилоотӣ – маърифатиро роҳандозӣ карданд. Он дар бинои шуғли аҳолии Ҷамоати шаҳраки Бўстон ҷараён гирифт ва пурра ба мавзўи муҳоҷирати бехатар, пешгирӣ ва мубориза бо экстремизму терроризм, ворид гардидани ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, бемориҳои гузаранда, аз ҷумла ВНМО бахшида шуд.

Дар чорабинӣ бештар 50 нафар шаҳрвандон, ки як қисмашонро муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ташкил медод, иштирок карданд.

Баъди сухани ифтитоҳии ташкилкунандагон  ба онҳо мутахассиси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мастчоҳ Парвина Сафармуҳаммад қоидаҳои муҳоҷирати бехатар ва меъёрҳои қонунгузории федералии Федератсияи Россия вобаста ба муҳоҷиратро фаҳмонид. Ҳамчунин мутахассиси пешбари ҳамин бахш Маҳадбоқӣ Қурбонов оид ба хатарҳои ҷаҳони муосир маълумот дода, аз аҳли толор даъват ба амал овард, ки ҳаргиз фирефтаи иғвою дасисаҳои душманону бадхоҳони миллат нашаванд ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Дар рафти мубоҳиса ва саволу ҷавоби озод ба ширкаткунандагон маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ дастрас гардонида шуд.

Ташкилкунандагони чорабинии иттилоотӣ – маърифатӣ ҳамчунин дар саҳни бахши ноҳиявии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ярмаркаи ҷойҳои холии кор ташкил намуданд. Бино ба иттилои мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мастчоҳ Раҳмат Қурбонов дар ярмарка 12 корхонаву ташкилот иштирок намуда, 108 нафар корҷўяндагон ташриф оварданд.

Дар умум аз ҷониби корҷўяндагон 96 ҷои холии кор пешниҳод гардид.

Тариқи ярмарка се нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин шуданд, ки 2 нафарашон зан мебошанд. Ҳамзамон 40 нафар худро ба курсҳои касбу забономўзӣ номнавис намуданд. Аз ҷумлаи онҳо низ 4 нафарашон бонувон мебошанд, ки дар гузашта муҳоҷири меҳнатӣ буданд.

Дар ин радиф 22-юми январ бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мастчоҳ тибқи Протоколи маҷлиси назоратии назди Сардори Хадамоти муҳоҷират аз 14.01.2019, №1-2 оибд ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот байни шаҳрвандони кишвар ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла Вируси норасоии масуниятҳи одам (ВНМО) вобаста ба ҳамин мавзўъ чорабинии навбатии иттилоотӣ – маърифатӣ гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ 60 нафар сокинони ҷамоат, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо иштирок намуданд. Мутахассиси бахш Парвина Сафармуҳаммад дар назди онҳо суханронӣ намуд. Ҳамин гуна мулоқотҳо бо аҳолӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия гузаронида мешаванд.

Мардон ҚУРБОНОВ