Навои Ваҳдати милал бувад Паём!

1,251 просмотров

 

Паёмро шунав, аё ҳамасри ман,

Ки шавкати Ватан дар он садо диҳад.

Бигир дасти ҳамдигар дар ин замон,

Ки ваҳдати милал дар он наво диҳад!

ҳмадҷони Раҳматзод)

Ба гуфти шоир ва муҳаққиқи нуктасанҷ Рустам Ваҳҳобзода Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузори мамлакатро “бо эътимоди комил метавон “Паёми рушд” унвон кард”.

Ба андешаи мо дар ҳамин чанд мисрае, ки ба қалами шоир Давлат Сафар тааллуқ доранд, тамоми мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат ифода ёфтааст:

Мурғи бахти мо кушояд бол аз нав,

Умри мо дар худ бубинад фол аз нав.

Куҳнапардозӣ биёбад ҳол аз нав

Дар Паёме, ки Паёми зиндагонист.

Паёме, ки дар остонаи фарорасии соли нави милодӣ ироа гардид, мисли Паёмҳои қаблӣ воқеан Паёми зиндагии шоиста аст, ки дар радифи аҳли ҷомеа мо низ онро ба ҳайси дастури роҳнамо ва барномаи амали худ барои соли 2019 ва солҳои минбаъда пазируфтем.

Дар оғоз аз муҳимтарин ва хотирмонтарин рўйдодҳои соли 2018 – оғози расмии татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, яъне Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”, мавриди истифода қарор гирифтани чархаи нахустини Нерўгоҳи барқи обии “Роғун”, ки иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони кишвар ба ҳисоб меравад ва ҳалли масъалаҳои дар давоми зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии ҳамсояи Ўзбекистон ёдовар шудани Сарвари давлат нури умед ба ояндаи дурахшонро дар дили ҳамагон фурўзон кард.

Ин ва дигар навгонию дастовардҳо аз қабили бо қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид ба Фарҳанги мероси ғайримоддии ЮНЕСКО дохил гардидани куртаи чакан, дар соли 2020 ҷашн гирифта шудани 5500 – солагии шаҳри қадимаи Саразм, зиёда аз нисфи кормандони соҳаҳои маорифу тандурустиро ташкил додани бонувон, то 29,5 фоиз коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва дар соли 2023 ба 10 миллион нафар расидани сокинони мамлакат, ки баъдан дар рафти ироаи Паём зикр шуданд, ҳамагӣ далели сол то сол пеш рафтан, рушду нумў кардан ва ободу зеботар гардидани Ватани маҳбубамон буданд. Ва чуноне ки Президенти мамлакат ҳам таъкид доштанд, дар соли 2018 барои ноил шудан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд қадамҳои устувор гузошта шуд.

То ба 75 сол расидани нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ,  дар муқоиса бо соли 1998 мутаносибан 2,1 ва 2,6 маротиба паст гардидани фавти модару кўдак, таъмин гардидани пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаҳои истеҳсолӣ, таъсис дода шудани зиёда аз 150 ҳазор ҷои холии кор ва дар давоми се соли охир то 25 фоиз кам шудани шумораи шаҳрвандони ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванда аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошанд, ки дар Паём номбар шуданд.

Дар робита ба дурнамои иқтисодии мамлакат Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки ҳоло нақшаи гузариши иқтисодиёти Тоҷикистон аз шакли аграрӣ – индустриалӣ ба шакли индустриалӣ – аграрӣ татбиқ шуда истодааст ва бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масоили иҷтимоиву иқтисодӣ, пешниҳод карданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда, то соли 2030 ҳиссаи саноат дар маҷмўи маҳсулоти дохилӣ аз 17,3 фоизи имрўза ба 22 фоиз расонида шавад.

Ҳамагон медонем, ки таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерўи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул қаблан ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуда буданд.

Бино ба иттилои Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 “мо на танҳо барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами устувор гузоштем, балки бори аввал дар давоми 27 соли соҳибистиқлолии кишварамон ду соли охир мардуми мамлакатро пурра бо барқ таъмин намуда, дар ҳаҷми қариб се миллиард киловатт/соат нерўи барқ содирот кардем”. Аз ин рў, бо камоли эътиқоду боварӣ метавон гуфт, ки дар масири сиёсати хирадмандонаи ба бунёдкорӣ ва созандагӣ нигаронидашудаи Сарвари давлат истиқлолияти энергетикии Тоҷикистони маҳбуб таъмин шудааст.

Дар ин радиф, дар Паём зикр шуд, ки тайи солҳои охир дар натиҷаи бунёди шоҳроҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва пайвастани Тоҷикистон ба роҳҳои Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, кушода шудани роҳи оҳан ва 16 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Ўзбекистон кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт ва ҳадафи дуюми стратегиамон амалӣ гардид.

Ин муҷдаҳо аз ояндаи дурахшон дар остонаи фарорасии соли нав рўҳияи идонаи сокинони диёрро дуболо намуданд.

Маҳз бо мақсади таъмини рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, муаррифии бештари имкониятҳои сайёҳии мамлакат, ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ ба ҳунармандию косибӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави кор ва мусоидат ба пешрафту ободонии деҳот солҳои 2019 – 2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми шоиставу ватандўстонаест, ки аз хиради азалӣ, ояндабинӣ, ташаббускорию садоқаташон ба халқу Ватани худ маншаъ мегирад.

Ҳамчунин бо арзи эҳтирому самимият аз минбари баланд Пешвои муаззами миллат барои ташаббусҳои созанда ба мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони хайрхоҳу ҳимматбаланд миннатдорӣ баён карданд, ки бори дигар аз фарзанди фарзонаи миллат ва шахсияти ҷаҳонӣ буданашон гувоҳӣ дод.

Иқдоми шоистаи дигаре, ки бевосита ба рушди иқтисодиёти мамлакат мусоидат менамояд, манъи ҳама гуна санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ давоми солҳои 2019 – 2020 ва бо мақсади дастгирии соҳибкорон амалӣ намудани “300 рўзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” мебошад, ки дар Паём зикр шуд.

Сарвари давлат ба бонувон ва насли ҷавони мамлакат ҳам таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онҳоро нерўи бузурги созанда ва пешбарандаи ҷомеа арзёбӣ карданд.

Дар Паёми навбатӣ ба масъалаи таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳаҳои иҷтимоии маорифу илм, тандурустию ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳангу варзиш, соҳаи кишоварзӣ низ ъътибори махсус дода шуд. Аз ҷумла, вобаста ба соҳаи маориф ва илм зикр гардид, ки  Ҳукумати мамлакат ба соҳаҳои илму маориф диққати аввалиндараҷа дода, ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бомаром идома медиҳад ва мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф мекунад.

Пешвои муаззами миллат эътибори ҷиддӣ додан ба масъалаи такмили таълим ва омўзиши забонҳои русиву англисиро баробар қадам гузоштан бо ҷомеаи пешрафтаи башар маънидод намуданд. Дар ин радиф дастур дода шуд, ки падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд боз ҳам фаъол бошанд, фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят кунанд. Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерўҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд.

Диққати сохтору мақомоти дахлдор ва дар умум аҳли ҷомеаро ба масъалаҳои бунёдкорию созандагӣ, дастгирии ниёзмандон, таълиму тарбияи фарзанд, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, ҳифзи суботи сиёсӣ, ҳуқуқу тартибот ва амнияти давлат, касбу забономўзӣ ва ватандўстию худшиносӣ ҷалб намуда, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз хатарҳои ҷаҳону замони муосир ҳам ёдовар шуданд, ки муқовимат ва мубориза бо онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як аъзои ҷомеа аст.

Барои мо кормандони сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷират ҳар супоришу вазифа ва дастуру ҳидояте, ки аз Паём бармеоянд, маънои вазифаи ҷониро доранд. Бинобар ин дар роҳи иҷрояшон аз имкониятҳо босамар истифода хоҳем бурд.

“Мо бояд ташаббускор бошем, тамоми кўшишу ғайрат, донишу малака ва қобилияти ташкилотчигии худро барои раҳнамоӣ кардани мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ба корҳои ободонӣ сафарбар намоем”-гуфтанд дар ҷамъбасти суханрониашон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон. Бовар ва эътимоди комил дорем, ки хурду калони кишвар ин дастурро чун вазифаи ҷонии худ пазируфтанд ва дар роҳи иҷрояш кўшиш ба харҷ медиҳанд.

 

                                                                       Зайнура ШАРИФӢ

                                                                            сардори Раёсати

                                                                     Хадамоти муҳоҷират

                                                                            дар вилояти Суғд