Оғози сафарбаркунии муҳоҷирон

1,247 просмотров

 

 

Баъди ба анҷом расидани марҳилаи истироҳати дарозмуддати солинавӣ дар Федератсияи Россия аз вилояти Суғд сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ ба ин кишвар оғоз гардид. Аз ҷумла, 23-юми январи соли равон Корхонаи воҳиди давлатии “Бирҷаи меҳнати ҷавонон” дар мувофиқа бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд як гурўҳи 18-нафараи муҳоҷирони меҳнатиро ба вилояти Волгоград сафарбар намуд.

Тибқи иттилои масъулин дар байни сафарбаршудагон сокинони як қатор шаҳру навоҳии қисмати ҷанубии Тоҷикистон ҳам ҳастанд. Аммо бештарашон аз шаҳру ноҳияҳои аграрии вилояти Суғд мебошанд ва ин бесабаб нест. Аз рўи шартномаи миёни кордиҳанда ва корҷўяндагон басташуда муҳоҷирони меҳнатии сафарбаргардида дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Совхози Карпово” бо корҳои мавсимии кишоварзӣ таъмин карда мешаванд.

Мардон ҚУРБОНОВ