Кормандони шуъба омодаанд кумак намоянд

60 просмотров

 

 

Ҳамарӯза ба шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-и Раёсати ХМ дар шаҳри Душанбе садҳо нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба давлати Россия равонаанд, муроҷиат менамоянд.

Ҳаррӯз ба шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» зиёда аз 100 нафар шаҳрвандон аз ҳар гӯшаю канори мамлакат муроҷиат намуда, ному насаби худро дар руйхати беруншудагон, ки дар маҳзанаи иттилоотии Сарраёсати ВКД оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Россия (собиқ ФМС) ҳар рӯза ворид мешаванд, мавҷуд мебошад, бо тариқи шабакаи интернет-онлайн  ба роҳ монда шудааст, пурсон мешаванд.

Бояд қайд намуд, шаҳрвандоне, ки қонунҳои будубоши кишвари Россияро вайрон намудаанд хориҷ карда шудаанд, ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ворид шудан ба ин давлат манъ аст.  Аммо ҳастанд ҳолатҳое, ки шаҳрванди ҷумҳурӣ бе ягон асос аз қаламравӣ ин мамлакат аз тарафи сохторҳои дахлдори он берун карда мешаванд.

Айни замон кормандони шуъба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотиро дар танзими муҳоҷирати меҳнатӣ дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ пурзур намуда, бо ҳар яки аз онҳо дар алоҳидагӣ сӯҳбатҳо гузаронида маслиҳатҳои ҳуқуқӣ медиҳанд. Алалхусус, дар суҳбатҳо ба онҳо доир ба касалии сироятии ВНМО ва ворид гардидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ фаҳмонда медиҳанд. Ба ғайр аз ин, ба онҳо  маводҳои иттилоотӣ оид ба қонунгузории  нави  Федератсияи  Россия  ройгон супорида  мешавад.

Мутаассифона, имрӯзҳо қисми зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ягон омодагӣ ба давлати Россия равона мегарданд, онҳо ба ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ роҳ медиҳанд ва ҳамзамон дар маҳзани маълумоти муваққтан манъшудагон дарҷ мегарданд. Баъд аз бозгашт, онҳо ҳуқуқи ба ин кишвар дубора ворид шуданро надоранд боиси нигаронист.

Аз ин лиҳоз, шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-и Раёсати ХМ дар шаҳри Душанбе аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки азми сафари Россия доранд, хоҳиш карда мешавад, ки аз тағйиру иловаҳо дар қонунгузории муҳоҷиратии ФР огаҳ бошанду, онро ба пуррагӣ риоя намоянд.

                                                            Суҳроб Маҳмудов

корманди масъули шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-и Раёсати ХМ дар шаҳри Душанбе