Дуруст муайян намудани ҳадаф ва самтҳои асосии Паём

51 просмотров

 

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як тараф, агар аз аҳамияти хосса касб намудани он ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шаҳодат диҳад, аз ҷониби дигар ифодакунандаи нуқтаи назари Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду таҳкими самтҳои стратегии давлат ва соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар ояндаи наздик арзёбӣ мегардад.

Ин нуктаро Сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзӣ Тоҷидинзода Наҷмиддин дар дарси навбатии омӯзишӣ бо кормандони дастгоҳи марказии Хадамот изҳор намуда, гуфт ки хотирмонии Паёми имсола дар он аст, ки Пешвои миллат аз минбари баланд ба мардуми Тоҷикистон расман дар бораи расидан ба ду ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зикр карданд, ки  «ба кор андохтани агрегати якуми НБО «Роғун», яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ — истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад».

Дар Паём бо ифтихор ва сарбаландӣ таъкид карда шуд, ки «соли ҷорӣ мо на танҳо барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами устувор гузоштем, балки бори аввал дар 27 соли соҳибистиқлолии кишварамон ду соли охир мардуми мамлакатро пурра бо барқ таъмин намуда, дар ҳаҷми қариб 3 миллиард киловатт – соат неруи барқ содирот кардем».

Пешвои миллат ба ҳадафи дуюми стратегии миллӣ дахл карда, зикр карданд, ки «тайи солҳои охир дар натиҷаи бунёди шоҳроҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва пайвастани Тоҷикистон бо роҳҳои ҷумҳуриҳои Чин, Афғонистон, Қирғизистон, кушода шудани роҳи оҳан ва 16 гузаргоҳи сарҳадӣ бо ӯзбекистон кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт ва ҳадафи дуюми стратегиамон амалӣ гардид».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии ӯзбекистонро низ рӯйдоди сеюми таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардуми мо арзёбӣ намуданд.

Дар ҳақиқат барқарор гаштани муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии ӯзбекистон рӯйдоди бузурги таърихӣ мебошад, зеро дар таърихи халқу миллатҳо ва муносибатҳои байнидавлатии онҳо рӯйдоду ҳодисаҳои  муҳиме ба вуқӯъ мепайванданд, ки онҳо дар тақдири  минбаъдаи ин халқу миллатҳо тақдирсоз, муайянкунанда ва калидӣ арзёбӣ мегарданд.

Ин ҳодисаву рӯйдодҳо  ҳолати мавҷудаи муносибатҳоро сифатан дигар карда, бо андеша, диди нав ва амалу рафтори наҷибона пойдевори наверо дар муносибатҳои байниҳамдигарӣ рӯйи кор меоранд.

Аз ин рӯ, муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои миллат ва фаҳмиши баланди давлату давлатдорӣ, ватану ватандорӣ, дарк ва ҳифз кардани манфиатҳои миллӣ ҳалли масъалаҳои дар назди давлату миллат гузоштаро осон мегардонад ва рушди иқтисодиву иҷтимоии имрӯзаи Тоҷикистон натиҷаи суботи бардавом ва устувори сиёсӣ аст.

Фазои тинҷию оромии мамлакат, ваҳдати саросарии миллӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва ватандорӣ аст, ки моро қадам ба қадам ба сӯи музаффарият ва фатҳи қуллаҳои мурод пеш мебарад.

Инчунин дар дарси омӯзишӣ оид ба ҷашни ҷумҳуриявии Иди Сада корманди масъули шуъбаи  муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзӣ Нурулло Гафуриён суханронӣ намуд.

                                                                                     Анвар ЮСУПОВ