Манзурат Сатторова: иқдоми мо пайравӣ мехоҳад

217 просмотров

 

Дар Паёми навбатиашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари фароҳам овардани ҷойҳои нави кор вобаста ба тайёр намудани кадрҳои коргарии ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ низ дастуру супоришҳои мушаххас доданд, ки барои иҷрояшон сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷират низ вазифадор мебошанд.

Бо назардошти ин, шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши касбӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассус, дониши сиёсию забондонии муҳоҷирони меҳнатӣ ва мусоидат ба ҷалби муташаккилонаи онҳо ба кор дар хориҷи кишвар бо муассисаҳои касбии зерини маркази вилояти Суғд созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид:

Литсейи касбии хизмат;

Литсейи касбии техникию сохтмонӣ;

Литсейи политехникии шаҳри Хуҷанд.

Самтҳои асосии ҳамкориро тарафҳо чунин муайян намудаанд:

а) барномаҳои таълимиро оид ба омӯзиши касбҳои коргарӣ таҳия намуда, такмили ихтисос ва аз нав тайёркунии муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбҳои коргариро барои муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил менамоянд.

б) барои муайян намудани талабот оид ба тайёр намудани муҳоҷирони меҳнатӣ аз рӯи ихтисосҳо ба тариқи модулӣ ва дигар усулҳои муосир чораҳои мушаххас меандешанд.

в) барои муайян намудани дараҷаи касбӣ ва сатҳи дониши муҳоҷирони меҳнатие, ки дорои касб мебошанд, аммо хоҳиши гирифтани касби иловагии коргарии дигарро доранд дар назди литсейҳои касбӣ Комиссияҳои аттестатсионӣ ташкил менамоянд.

г) барои мустаҳкам намудани заминаҳои моддию техникӣ ва таъминоти кадрии муассисаҳои таълимии заминавӣ чораҷӯӣ менамоянд.

д) барои бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатие, ки аз кишварҳои хориҷии қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ берун карда шудаанд, ҳамкорӣ ва чораҷӯӣ менамоянд.

Уҳдадориҳое, ки тибқи созишнома ба зимаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ вогузор шудааст, асосан аз инҳо иборатанд: дар назди муассиса барои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбҳои коргарӣ ташкил менамоянд; тартиби қабули шунавандагон (муҳоҷирони меҳнатӣ)-ро ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбҳои коргарӣ дар муассисаҳои таҳсилотӣ муайян менамоянд; барои ба таълим фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ дар курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбҳои коргарӣ нақша ва барномаҳои таълимӣ таҳия мекунанд; шумораи шунавандагонро дар курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбҳои коргарӣ аз 15 то 20 нафар дар як гурӯҳи таълимӣ муайян ва таъмин менамоянд; ба хатмкунандагони курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбҳои коргарӣ дар асоси хулосаи Комиссия ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дараҷаи таҳсилот (сертификат, шаҳодатнома), ки намунаи онро Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва тасдиқ намудааст, медиҳанд; раванди таълиму тарбияро дар курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбҳои коргарӣ тибқи талаботи нақшаю барномаҳои таълимӣ ва қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи таълимӣ ба роҳ монда, назорати қатъиро аз болои давомот, иҷрои барномаҳои таълимӣ, дарсҳои назариявӣ ва амалӣ ба роҳ мемонанд.

Дар навбати худ шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд уҳдадориҳои зеринро ба зима дорад: бо назардошти омӯзиши талаботи вазъи бозори меҳнати ҷаҳонӣ ба касбҳои коргарии замонавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии шаҳри Хуҷанд барои ба таълим фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ дархост пешниҳод менамояд; тибқи ваколатҳои худ марказҳои иттилоотӣ ва мусоидат ба муҳоҷирони меҳнатиро дар шуъба ва кумитаҳои маҳаллаи шаҳри Хуҷанд таъсис медиҳад; ба воситаи субъектҳои хоҷагидоре, ки барои интиқоли қувваи корӣ ба хориҷа иҷозатномаи расмӣ доранд, ҷиҳати бо кор таъмин намудани хатмкунандагони курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбҳои коргарӣ  дар хориҷи кишвар мусоидат менамояд; барои ҷалби сармоя аз ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ барои тайёр намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбҳои коргарӣ ба муассиси таҳсилоти ибтидоии касбии заминавии муайянгардида мусоидат менамояд.

Бовар дорем, ки чунин иқдом аз ҷониби сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷират дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ роҳандозӣ мешавад ва ба раванди тайёр намудани омӯзонидани касбҳои коргарӣ таъсири мусбат мерасонад.

 

                                                                             Мардон ҚУРБОНОВ