Мулоқот дар Пӯлдон

113 просмотров

 

Тибқи супориши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2019, №17.6/49 ва супориши протоколии маҷлиси назоратии назди Сардори Хадамоти муҳоҷират аз  14  январи  соли  2019,  №1-2   ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ,  аз  ҷумла вируси норасоии масунияти  одам  (ВНМО) дар  ҷамоати деҳоти Пўлдони шаҳри Конибодом вохурӣ баргузор гардид.  Дар  вохўрй раисони кумитаи маҳаллаҳо, фаъолони ҷомеа, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо, ходимони  дин, ҳамагӣ 40  нафар иштирок доштанд.

Дар  вохўрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират  дар  шаҳри Конибодом Шарипов Б., мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Ҷўраева М., сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр Ортиқов  Ш.  ва сардори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО  дар  шаҳр Болтаев К. иштирок карданд.

Дар назди ҳозирин мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом Шарипов  Б., сардори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО Болтаев  К. доир ба хатарҳои сироятёбӣ аз бемории вируси норасоии масунияти одам” (ВНМО) дар раванди муҳоҷират, воситаҳои пешгирӣ, ташхису табобати он, навигариҳо дар қонунгузории Федератсия Россия вобаста ба муҳоҷират,  воридшавии љавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Ҷўраева  М.   оид ба вайроншавии оилаҳои ҷавону худкушӣ дар байни ноболиғон,  сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Ортиқов  Ш. оид ба ҷойҳои холӣ ва таъсиси ҷойҳои  нави  кор, додани қарзҳои имтиёзнок ба бекорон,ҷалб намудани шахсони бекор  ба  забономўзӣ ва касбомўзӣ суханронӣ намуданд.

Вохўрӣ бо мубоҳиса ва саволу ҷавоби ташкилкунандагону иштирокдорон анҷом пазируфт. Дар  охир  ба  аҳли толор маводи иттилоотӣ таҳти унвони «Солим  бошӣ,  пул  ҳам дарёфт мекунӣ» оид ба пешгирии касалиҳои  ВНМО ва сил дастрас гардид.

 

                                                                Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                        дар шаҳри Конибодом