Сада ҳамчун меъроси фарҳангии ниёгон бояд ҳифз гардад

90 просмотров

 

 

Қобили зикр аст, ки ба раванди ташаккулёбии миллат  баъзан омилҳои хурд ҳам таъсири зиёд мерасонанд. Албатта, ҷашнвораҳои таърихии миллати моро барои ташаккули тамаддуни тоҷик омилҳои камтаъсир гуфтан ғайри имкон аст, зеро чунин ҷашнвораҳо мисли Наврузу Меҳргон ва  аввалин ҷашни инсоният Сада заминаҳои пайдошавии миллати асилзодагон – ориёиҳоро бо ҳам доштанд.

Сада имрӯз

Рӯй овардани мо сӯи асолат бошад,

Боргирӣ зи тамаддуни қадим.

То ки дар кӯрараҳи давру замон

Роҳро гум накунем,

Оташ афрӯхт агар бегона

Хешро шохаи ҳезум накунем.

Мусаллам аст, ки бо талошҳои зиёди  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир ҷиҳати барқарор намудани урфу одатҳо, ҷашнвораву ҳунарҳои мардумӣ иқдомҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он роҳандозӣ мегарданд.

Сада ҳам аз ҷашнвораҳоест, ки таърихи чандҳазорсола дорад, ва ақидаи муаррихон бобати заминаҳои пайдоиши он гуногунанд. Бархи зиёде аз муҳаққиқон ба он ақидаанд, ки дар ин рӯз одам аввалин бор оташро пайдо ва истифода намудааст. Аввалин бор истифодаи оташ ҳам ба гузаштагони мо – қабилаҳои ориёӣ  тааллуқ дорад ва ин намуна аз дастовардҳои аввалинест, ки ниёгони мо соҳиб гаштаанд.

Новобаста аз таърихи куҳан доштанаш, ин ҷашнвора бо сабаби истисмори халқҳову қабилаҳои  ба мо бегона садсолаҳо қайд карда намешуд, ҳол он ки ин ид танҳо  хусусияти миллӣ дорад на динӣ. Ҳадаф гиромидошти одатҳои мардумӣ буд, ки Зардушт ва пайравони оинаш иди Садаро қайд менамуданд ва баъзан онро “Иди оташ” низ меномиданд. Аҷнабиён комилан медонистанд, ки барои шикаст додан ва аз байн бурдани як миллат аввал бояд фарҳанги миллат нест гардад. Нигоҳдорӣ намудан ва ба наслҳои минбаъда расонидани чунин “дурдонаҳои фарҳанг”-и тоҷик дастовардест, ки шоёни таҳсин аст.

Барои  ҷавонони имрӯза риояи суннатҳои миллӣ ва пос доштани фарҳанги ниёгон, аз ҷумла чунин ҷашнвораҳои таърихи куҳандошта  фарз аст. Бояд насли  бо таҷриба ба онҳо фаҳмонад, ки дуруст надонистани таърихи  миллат ва тақлиду пайравӣ аз фарҳанги ба мо бегона оқибатҳои нохуш дорад. Чунончӣ Мавлоно мефармояд:

Халқро тақлидашон барбод дод,

Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод!

Бо талошҳои павастаи  Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  тамоми асолати миллат баъди ҳазору сад сол барқарор ва ба ҷаҳониён бор дигар муаррифӣ гардид. Арзанда аст, ки дар ин ҷодда низ пайравони Пешвои миллат бошему барои муаррифии бештари одатҳои накӯи халқамон дар арсаи байналмилалӣ якдилона чун фарзандони як модар, ки номаш Тоҷикистон аст, талош варзем!

Сада, яъне ки ҳамон хешшиносӣ

Сада, яъне ки асолат,

Сада, яъне ки ҳамин ваҳдати мост.

Садаи номиро

Оташи нусрати мост!

 

Иди ниёгон муборак бошад!

 

 

 

Корманди шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ,

робита бо ҷомеа ва ҳамватанони

бурунмарзӣ Нурулло Ғафуриён