Благовешенск: Мулоқот бо донишҷўёни тоҷик

19 просмотров

Благовешенск: Мулоқот бо донишҷўёни тоҷик

Дар донишгоҳҳои гуногуни шаҳри Благовешенски Федератсияи Россия садҳо донишҷўёни тоҷик аз тариқи квотаи президентӣ сарбаландона таҳсил доранд.

Тавре ки дар суҳбат  раиси ҷамъияти тоҷикони Благовещенск Раҳматалӣ Аҳмадзода иброз дошт, ҳадафи мо тарбияи ватандўстиву хештаншиносии ҷавонон ва дур нашудан аз оинҳои миллиамон мебошад, зеро имрўз ҷаҳон пур аз таҳаввулоту гардишҳост ва табиист, ки ҷавонони ҳушёрии сиёсӣ надошта барои гурўҳҳои иғвоангезу дину оинфурўш,  чун манбаи фитнаву гумроҳӣ метавонанд хизмат кунанд.

Мо пайваста дар байни ҷавонон ва донишҷўён дар бораи дур будан аз равияҳои зиддиинсонӣ, дар фикри ободиву амонии Ватану падару модари хеш будан суҳбатҳои судманд мегузаронем. Дар њама чорабинињои фарњангиамон бештар кўшиш мекунем ҷавонону донишҷўёнро ҷалб намуда, ба ин васила дар замири онҷо муҳаббат ба Ватану ҷоннисор будан барои ҳифзу ободии онро  бедор кунем.