Благовешенск: Мулоқот бо донишҷӯёни тоҷик

106 просмотров

Дар донишгоҳҳои гуногуни шаҳри Благовешенски Федератсияи Россия садҳо донишҷӯёни тоҷик аз тариқи квотаи президентӣ сарбаландона таҳсил доранд.

Тавре ки дар суҳбат  раиси ҷамъияти тоҷикони Благовещенск Раҳматалӣ Аҳмадзода иброз дошт, ҳадафи мо тарбияи ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонон ва дур нашудан аз оинҳои миллиамон мебошад, зеро имрӯз ҷаҳон пур аз таҳаввулоту гардишҳост ва табиист, ки ҷавонони ҳушёрии сиёсӣ надошта барои гурӯҳҳои иғвоангезу дину оинфурӯш  чун манбаи фитнаву гумроҳӣ метавонанд хизмат кунанд.

Мо пайваста дар байни ҷавонон ва донишҷӯён дар бораи дур будан аз равияҳои зиддиинсонӣ, дар фикри ободиву амонии Ватану падару модари хеш будан суҳбатҳои судманд мегузаронем. Дар ҳама чорабиниҳои фарҳангиамон бештар кӯшиш мекунем ҷавонону донишҷӯёнро ҷалб намуда, ба ин васила дар замири онҳо муҳаббат ба ватану ҷоннисор будан дар ҳифзу ободии онро  бедор кунем.

Таҳияи

                                                                                     Анвар ЮСУПОВ