Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат

30 просмотров

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ба масъалаи ташкили корхонаву коргоҳҳо, фароҳам овардани ҷойҳои нави кор, бакорандозии иқтидорҳои истеҳсолии аз фаъолият бозмонда, ба касбу замономӯзӣ ва меҳнати фоиданок ҷалб намудани аҳолии бешуғл, ҳамзамон мубориза алайҳи хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм эътибори махсус доданд.

Қобили қайд аст, ки дар доираи вазифаҳои хизматӣ ва имкониятҳои мавҷуда МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» ва Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар самти мазкур корҳои муайянро ба иҷро мерасонанд.

Чунончи, кормандони масъули «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе чорабинии иттилоотӣ – маърифатиро роҳандозӣ карданд. Он дар бинои фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳангоми бақайдгирии мусофирони хатсайри Душанбе-Қазон ҷараён гирифт ва пурра ба мавзӯи муҳоҷирати бехатар, пешгирӣ ва мубориза бо экстремизму терроризм, ворид гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, бемориҳои гузаранда, аз ҷумла ВНМО бахшида шуд.

Дар чорабинӣ бештар 36 нафар шаҳрвандон, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Қазони ФР раҳсипор буданд, иштирок карданд.

Баъди сухани ифтитоҳии ташкилкунандагон  ба онҳо машваратчии калони МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе Абдуҷамил Оев қоидаҳои муҳоҷирати бехатар ва меъёрҳои қонунгузории федералии Федератсияи Россия вобаста ба муҳоҷиратро фаҳмонид. Ҳамчунин мутахассиси Раёсати Хадамоти муҳоҷират Мавлавӣ Тоиров оид ба хатарҳои ҷаҳони муосир маълумот дода, аз шаҳрвандон даъват ба амал овард, ки ҳаргиз фирефтаи иғвою дасисаҳои душманону бадхоҳони миллат нашаванд ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Ҳамзамон дар асоси супоришу вазифагузориҳои Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Сумангул Тағойзода, Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода ва қарори Ҷаласаи Шӯрои вилоятии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ), сил ва вараҷа аз 8 августи соли 2018, ки ба масъалаи татбиқи «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020» дар давоми нимсолаи аввали соли 2018 бахшида шуд, инчунин талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016 таҳти №776 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе ва Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ҷиҳати боз ҳам ҷоннок намудани корҳои иттилоотию тарғиботӣ, ташкили мулоқотҳо дар фурудгоҳ ва ҳам истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе, паҳн кардани варақаю дастурамалҳо дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва дар умум саҳми бештар гузоштан дар татбиқи «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020» вазифадор шудаанд.

Дар рафти мубоҳиса ва саволу ҷавоби озод ба ширкаткунандагон маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ дастрас гардонида шуд.

 

                                                                                                     Анвар ЮСУПОВ