Вобаста ба пешгирии омилҳои номатлуб

15 просмотров

 

6-уми феврал бо ибтикори Институти «Ҷомеаи Кушода»Хазинаи Мусоидат – Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Иқболи нек» дар қаҳвахонаи «Хушбахтӣ»-и шаҳри Хуҷанд тренинг доир гардид. Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи «Ҷавонони вилояти Суғд ба муқобили маводи мухаддир» гузаронида шуд ва дар он мутахассиси пешбари шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Рустам Ҷамолов ба ҳайси намояндаи Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иштирок намуд. Мавзўи асосии муҳокимашуда пешгирӣ ва мубориза ба муқобили бемории ВНМО/СПИД ва нашъамандӣ буд.

Вобаста ба ин мавзўъ дар назди аҳли толор директори Маркази вилоятии табобат, пешгирӣ ва реабилитатсияи нашъамандӣ Б. Сатторов,  директори Марказ  оид ба пешгирӣ ва мубориза ба муқобили бемории ВНМО дар вилояти Суғд Ф. Комилов ва коршинос – таҳлилгар Н. Носко маърўза намуда, оид ба ҳолати имрўзаи гирифторшавии шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ба ин вабоҳои аср, корҳои дар самтҳои болозикр баанҷомрасида, натиҷаҳои таҳлилҳои гузаронидашуда оид ба талаботи иҷтимоӣ – ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ, роҳҳои бо меҳнати фоиданок ва касбу ҳунаромўзӣ ҷалб намудани ҷавонони бекор ва дур сохтани онҳо аз нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва дурнамои фаъолият дар ин самтҳо ба таври муфассал маълумот доданд.

Баъди шунидани ҳар як маърўза миёни ширкаткунандагон мубоҳисаи озод доир гардид. Намояндаи Раёсат Рустам Ҷамолов дар рафти баёни андеша баён дошт, ки 4-уми феврал дар ҷаласаи машваратии назди Раиси вилоят вобаста ба ташкили нуқтаҳои ташхиси тиббӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ дастур дода шуд. Дар сурати кушода шудани ин гуна нуқтаҳо барои аз ташхиси тиббӣ гузаштани муҳоҷирони меҳнатӣ шароити мусоид фароҳам меояд.

Ҳамзамон Рустам Ҷамолов оид ба корҳои дар самти пешгирӣ ва мубориза бо падидаҳои номатлуб аз ҷониби Раёсат ва сохторҳои зертобеи он анҷомдодашуда, рафти корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ва чорабиниҳои муштараки Раёсат бо ташкилоти ҷониби ҷамъиятии «Амали нек» маълумот дод.

Дар рафти ҷамъбасти тренинг ба иштирокчиён чанд номгўй маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ дастрас гардид.

Мардон ҚУРБОНОВ