Нақшаи чорабиниҳо тасдиқ шуд

946 просмотров

 

Бо мақсади таъмини иҷрои қарори ҷаласаи машваратии назди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки бо иштироки раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов доир гардид, Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Шўрои уламои дини вилоят нақшаи ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои муштараки иттилоотӣ – маърифатиро ба имзо расониданд. Мавзўи асосии чорабиниҳои нақшавӣ пешгирӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм мебошад.

Тибқи нақша давоми нимсолаи аввали соли равон дар шаҳру ноҳияҳо 350 адад чорабинӣ гузаронида мешавад.