Чӣ паймоне бувад паймоншиканро?

959 просмотров

 

Аз он рўзе ки як гурўҳ хоинону ватанфурўшон оид ба ташкил намудани созмоне бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» дар заминаи собиқ ташкилоти террористиву  экстремистии «Наҳзати ислом» ва се ниҳоди сиёсии дигаре, ки аҳли ҷомеа номашонро бори аввал мешуниданд,  иттилоъ доданд, наздик ба панҷ моҳ сипарӣ мешавад. Ин ибтикор аз ҷониби ташкилкунандагон ба ин мемонд, ки дар болои таҳкурсии гилин  ва бебунёд қасри боҳашамат афрохтанианд. Вале чуноне ки шоир мегўяд:

                   Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,

                  То ба охир меравад девор каҷ.

Чун дилу ботин, дасту нияти онҳо аз оғоз каҷ буд, дар рўи таҳкурсии бебунёду зудфаношаванда аз оғоз хиштро каҷ гузоштанд ва ин девор ҳар қадар сар кашад ҳам, каҷ аст, ки рўзе бо вазни худ ба болои деворзанон фурў хоҳад рафт. Яъне, аз мост, ки бар мост.

Чуноне мушоҳида мекунем, онҳое, ки ин созмони бадхоҳи миллату давлати моро таъсис додаанд, шабу рўз ба шайр аз ҷудоию иғвоандозӣ, паҳн кардани ҳар гуна хабару овозаҳои дурўғ, даъвати рўирост ба амалҳои ноҷавонмардона дигар коре надоранд. Дар оғоз чунин менамояд, ки ҳамаи онҳо дилсўзи давлату миллати худ ҳастанд, Ватанро мисли модарашон дўст медоранд ва барои ободии он кўшиш ба харҷ медиҳанд. Дар асл бошад, «Бузургӣ саросар ба гуфтор нест, Дусад гуфта чун ними кирдор нест!» гуфтани шоир барин, то имрўз аз дасти ин қаҳрамонон кори барои омма манфиатоваре наомадааст. Онҳо ҳамон ҷавфурўшони гандумнамо ҳастанд, ки мисли миси зарандуд зоҳиран назаррабоӣ кунанд ҳам, аз ботин пучу ночизанд. Ва чунин амали хилофи пиндори нек, кирдори нек ва гуфтори нек ба хотир латифаеро меорад, ки аз аҳди бостон ба мо расидааст.

Мегўянд, ки нимашабе Насриддин Афандӣ бо мақсади фаҳмидани хубиву бадии ҳамсоягонаш ба болои бом баромада, «хонаам сўхт, ёрӣ диҳед, мардум!»-гўён доду фарёд мебардорад. Аз шунидани садои имдодталабонаи ў хурду калон аз хонаҳо ба берун медаванд, то дар хомўш кардани сўхтор ёрӣ расонанд. Дар кўча маълум мешавад, ки ин амали нозебо шўхии беҷои ҳамсояашон будаасту дар асл ягон ҳодисаи нохуш рўй надодааст.

Минбаъд боз чанд маротибаи дигар Афандӣ ҳамсоягонро бо доду фарёди дурўғин нисфишабӣ ба кўча мекашад.  Баъд аз кирдори худ шарм накарда, ба ҳоли ҳамсоягони дилсўзу меҳрубон механдад ва бо ин гўё аз онҳо донотару айёртар буданашро исбот мекунад. Бо наззораи ин манзара оҳиста – оҳиста дар андешаи ҳамсоягон тасаввуре нақш мебандад, ки чунин рафтор, яъне бо фиреб хоби шаби одамонро вайрон кардан як навъ дилхушию хушҳолӣ барои ўст. Дар хонаи вай ин қадар вақт боз сўхтор сар назадааст ва минбаъд низ сар нахоҳад зад.

Аз қазо шабе воқеан ҳам хонаи Афандӣ оташ мегирад. Вай ба чаҳор тараф давида, ҳамсоягонро ба ёрӣ мехонад, вале касе ба имдодаш намеояд. Зеро ҳамагон гумон доштанд, ки ин навбат низ шўхии пешинаашро такрор мекунад.

Дурўғро хирадмандон чароғи бефурўғ донистаанд. Як ҳарфи дурўғу беасос метавонад ба рўи сад ҳарфи ҳақ хатли батлон кашад. Шоир ба ин маънӣ барҳақ мегўяд, ки:

                      Гар ҳазорат рост бошад, як дурўғ,

                     Он дурўғат боз дорад аз фурўғ.  

Дар ин росто далели Шайх Саъдӣ басо ҷолиб менамояд:

                      Якеро, ки одат бувад ростӣ,

                    Хато гар кунад, даргузоранд аз ў.

                   В-агар номвар шуд ба норостӣ,

                    Дигар рост бовар надоранд аз ў.

Тору пуди «нутқҳои оташин»-и сухангўёни «Паймони миллии Тоҷикистон» чунон бо ҳарфи дурўғ печидааст, ки суханҳои росташон ҳам ба назар дурўғи бебунёд менамояд. Дар дунё аз ду кор дида осонтар коре нест: аввалан маслиҳат додан. Агар аз нобакортарину пастфитраттарин одам ҳам маслиҳат пурсед, ҳарчанд ба роҳи ботил ҳидоят менамояд, маслиҳате хоҳад дод. Ва дувумин амали осонтарин ин айбмониву айбҷўист. Ҳамин ки ду нафарро гапашон гурехт, дар як они воҳид астару абраи ҳамдигарро чаппаву роста мекунанд, суханҳоеро ба забон мегиранду айбҳоеро ном мебаранд, ки ба гуфти мардум дар рўи бел ҳам намеистанд. Бо ибораи дигар, барои ба як нафар туҳмат задану айби набударо бастан на дипломи донишгоҳ лозим асту на дониши кофӣ. Албатта, ошкор намудани камбудиву норасоиҳои ҷомеа ягон амали бад нест, вале ин кор бояд ҳамрадиф бо нишон додани роҳҳои ислоҳи онҳо ва кўшишҳо ҷиҳати минбаъд роҳ надодан ба такроршавиашон роҳандозӣ шавад. Афсўс, мо чунин ҳолатро аз ҷониби таблиғгарони «Паймони миллии Тоҷикистон» мушоҳида намекунем.

Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмҳои анъанавиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар суханрониҳои худ борҳо зикр намудаанд, ки ҳанўз дар рўзгори мардум муаммою мушкилоти ҳалталаб бисёранд. Вале давлату Ҳукумат тасмим гирифтаанд, ки давра ба давра онҳоро ҳаллу фасл намуда, аз байн баранд.

Ду сол боз мардуми диёр дар мавсими тирамоҳу зимистон маҳдудият ва камбуди нерўи барқро эҳсос намекунанд. Аз ин нуқтаи назар метавон гуфт, ки Тоҷикистони маҳбуб аллакай ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ ноил гардидааст. Ҳамзамон Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон таъкид доштанд, ки ҳадафи дигари стратегии Ҳукумати мамлакат – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ҳам таъмин гардид.

Акнун муқоиса мекунем ҳолати имрўзаро бо ҳолати 10 сол пештар, ки дар як шабонарўз ҳамагӣ чанд соати башумор нерўи барқ мегирифтему барои масалан аз вилояти Суғд ба пойтахт рафтан рўзҳои дароз сарсону саргардон мешудем. Магар ин неъматҳои худододе ки имрўз насибамон шудааст, водор намесозанд, ки ҳамеша шукргузору сипосгузор бошем? Дар ҳамон давраҳои вазнин низ айбмонҳою таънагарҳо зиёд буданд. Вале баҳри беҳбуди вазъият аз дасташон коре наомад, аниқтараш коре карда натавонистанд. То он даме ки давлату Ҳукумат чора наандешиданд, вазъият чун пештара боқӣ монд.

Сарвари давлат беҳуда саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ ва солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон накардаанд. Ин иқдомҳои ватандўстона маҳз ба хотири ободонии диёр ва беҳбуд бахшидан ба рўзгори халқ равона шудаанд.

Хаёлан тасаввур мекунем, ки девори манзили мо хароб гардиду афтид. Мо ба ин ҳолат тамасхур занему хандем беҳтар аст ё ба даст белу каланд гирифт, аз паи таъмиру навсозӣ шавем беҳтар? Албатта, роҳи қобили қабул роҳи дуюм мебошад. Тоҷикистон хонаи умеди тамоми тоҷикону тоҷикистониён аст. Агар душманону бадхоҳони миллат ба ҷои ин ҳама ҳарзафурўшию дурўғбофӣ ва таъназанию сангандозиҳо ба сари ҳамватанони хеш дар роҳи ободонии Ватан хиштеро болои хиште мегузоштанд, имрўз халқи заршинос аз онҳо рўй намегардонд.

Оламро бо зулму ситам, дурўғу фиреб, қатлу бедодгарӣ обод карда намешавад. Ва ин сиёҳкуниҳои хоинонону бадхоҳон на бар нафъи худашон асту на бар нафъи дигарон. Офтоб аз ҳасади шамъ аз фалак намеафтаду бо дуои кўрмуш борон намеборад. Аз ин рў, бо як ҷаҳон бовару эътимод метавон гуфт, ки душманонамон дер ё зуд сари худро мисли гирдоб хоҳанд хўрд.

Аҳду паймон бастан, савганд хўрдан, қавл додану ба он вафо кардан кори ҷавонмардон аст. Чуноне ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардум овардани сулҳу ваҳдат ва ба Ватан баргардонидани гурезагони иҷбориро ваъда карданду  мардона онро ба ҷо оварданд. Гуфтанд, ки бо нохун бошад ҳам, дили кўҳро мешикофему нақби «Истиқлол» – ро месозем ва дар аҳди худ чун кўҳ устувор истоданд. Ё худ сохтмони НБО-и «Роғун» – ро гирем. Ин гуна мисолҳоро боз фаровон овардан мумкин аст. Вале моро масъалаи дигаре ба андеша водор месозад: «Паймони миллии Тоҷикистон» – ро чӣ касоне созмон додаанд, он паймони кадом миллат  мебошад, байни киҳо баста шудааст, чӣ нияту ҳадаф дорад ва аз он ба халқу Ватани мо чӣ манфиате мерасад? Чунин саволҳои беҷавоб бисёранд, аммо як нукта мусаллам аст: дар садри ин паймон нафароне қарор доранд, ки паймоншиканиашонро ҳаёт даҳҳо бор собит кардааст.       Пас дуруст аст, ки аз онон пурсем: ЧӢ ПАЙМОНЕ БУВАД ПАЙМОНШИКАНРО ?!.

 

                                                                               Мардон ҚУРБОНОВ