Вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО

224 просмотров

 

 

Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт ва Ҷамоати деҳоти Шодоба дар литсейи касбӣ – техникии №74 мулоқот доир гардид. Дар ин чорабинӣ 28 нафар хатмкунандагони муассиса ширкат варзиданд. Мавзӯи асосии мулоқот пешгирӣ ва мубориза ба муқобили бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО буд. Дар рафти чорабинӣ ҳамзамон рафти татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.11.2016 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар назди иштирокчиён мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт Н. Назарова низ суханронӣ намуда, ба онҳо маводҳои ташвиқотию тарғиботиро оид ба муҳоҷирати бехатар, роҳои пешгирӣ ва мубориза ба муқобили бемориҳои сироятии ВНМО, сил, гепатит ва нашъамандӣ дастрас кард.

 

                                                                     Бахши Хадаморти муҳоҷират

                                                                                          дар ноҳияи Ашт