Вохӯриҳои судманд бо сокинони ҷамоатҳо

148 просмотров

 

 

Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия 10 вохӯрӣ бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаи онҳо барпо намуданд.

Тавре мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб Олимҷон Орифзода хабар дод, зимни вохӯриҳо бо сокинони ҷамоатҳо дар атрофи мавзӯҳои, муҳтавои матни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  26 декабри соли 2018, эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», тарғиби Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухадир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, доир ба хатарҳои сироятёбӣ аз бемории вируси норасоии масъунияти одам дар раванди муҳоҷират, воситаҳои пешгирӣ, ташхису табобати он дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, оиди будубоши муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон ҳамсуҳбат шуданд.

Дар ин вохӯриҳо 406 нафар аҳолии ноҳия ширкат намуданд, ки аз онҳо 150 нафарашон занҳо  ва 211 нафарашон ҷавонон мебошанд.

Дар хатми вохӯриву ҷамъомадҳо ба иштирокчиён варақаҳои ёддоштҳо (буклет) дастрас карда шуд.

 

                                                                                              Анвар ЮСУПОВ