Мулоқот бо касбомӯзони Марказ

266 просмотров

 

 

Бо мақсади бурдани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе бо 114 нафар касбомӯзони курсҳои кутоҳмуддати ороиши мӯй, барқчӣ, сохтумончӣ, кафшергарӣ ва сантехникӣ Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» мулоқот намуданд.

Дар рафти мулоқот машваратчиёни калони Марказ М.Бақоев ва И. Бобоев, машваратчиён Д.Сангов ва Ш.Раупов оид ба масъалаҳои зарурияти муаяйн намудани вазъӣ саломатӣ пеш аз сафар, саривақтӣ муайян намудани ҷои кор дар хориҷи кишвар, бо корфармо бастани шартномаи меҳнатӣ, дастрас намудани маълумоти саҳеҳ оиди корфармо, муайян намудани ҷои зист дар хориҷи кишвар пеш аз сафар, санҷиши иҷозат барои интиқоли муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби ширкати вакансияҳои пешниҳодшаванда, гирифтани машварат ва сертификати донистани забони русӣ, фаҳмонидани талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016 таҳти №776 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020», бовар накардан ба ваъдаҳои бардурӯғи гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ва доир ба масъалаҳои мубрами рӯз мубодилаи афкор доир намуданд.

Инчунин дар мулоқот оиди пешгирӣ ва табобати касалиҳои ВМНО, сил ва ғайра ибрози назар намуданд.

Бино ба иттилои масъулин ин иқдоми мазкур иҷрои супоришу вазифагузориҳои Вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сардори Хадамоти муҳоҷират вобаста ба роҳандозии корҳои таблиғотӣ ва ташвиқотӣ байни аҳолӣ,  алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо мебошад.

Дар доираи чорабинӣ ба касбомӯзон фаҳмонидани роҳҳои пешгирию мубориза алайҳи бемориҳои сироятӣ ва воридшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро чанд номгӯй маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ тақсим карда шуд.

 

                                                                                         Анвар ЮСУПОВ