Ярмаркаи навбатии ҷойҳои холии кор

140 просмотров

 

 

Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара вобаста ба ташкил ва гузаронидани ярмаркаи ҷойҳои холи кор дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот таҷрибаи фаровон дошта, дар ин самт ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, дар самти ташкил намудан ва гузаронидани ярмаркаи навбатии ҷойҳои холи кор шуъба бо Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД – и шаҳр, МД «Маркази таълими калонсолон» ваҶамоати деҳоти Чилгазӣ ҳамкорӣ намуд.

Бино ба иттилои раиси ҷамоати мазкур Н. Каримов ҳамагӣ ба ин ярмарка 720 нафар корҷӯяндагон ва нафарони бешуғл ташриф оварданд. Сардори Раёсати Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Н. Қурбонов зимни суханронӣ 350 ҷои холии корро бо музди меҳнати аз 400 то 1500 сомонӣ муаррифӣ намуд. Дар ин радиф мудири шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара М. Ахмедов ба ташрифовардагон оид ба ҷойҳои кори холӣ аз ҷониби «Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» маълумот дод.

Дар рафти ярмарка оид ба муҳоҷирати бехатар, пешгирӣ ва мубориза бо омилҳои номатлуб, аз ҷумла терроризму экстремизм корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гардид. 13 нафар барои касбуҳунаромӯзӣ ном навис шуда, 12 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин шуданд.

 

                                                                      Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                                         дар шаҳри Исфара