Озмуни шавқовар

147 просмотров

 

Бо  ташаббуси  Маркази  ташаккули  тарзи  ҳаёти солим дар шаҳри Хоруғ озмуни  интеллектуалӣ  оид ба ташвиқу  тарғиби  тарзи  ҳаёти солим баргузор  гардид, ки дар он кормандони  шуъбаи  Хадамоти  муҳоҷирати ВМКБ, Раёсати  Агентии  назорати  маводи  нашъаовари назди  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар  вилоят  ва  МД «Маркази ҷавонон», иштирок намуданд.

Мусобиқа аз рўи  чор  шарт: саломнома, нашри  газетаи  деворӣ, саволу  ҷавоб  оид ба тарзи  ҳаёти солим ва саҳнача  гузаронида  шуд. Мақсади асосии ин мусобиқа муайян  намудани донишу фаҳмиши кормандони идораю  муассисаҳои иштирокчӣ оид ба пеш бурдани тарзи ҳаёти  солим ва  фаҳмондани зарурияти гузаштан аз муоинаи тиббӣ баъди баргашт аз  муҳоҷирати  мехнатӣ  буд.

Ҳайати  доварони ин мусобиқа аз байни  кормандони баланд  ихтисоси  Маркази  ташаккули тарзи  ҳаёти солим, Маркази  пешгирӣ  ва мубориза бар зидди ВНМО, Маркази мубориза бар зидди касалиҳои сил, интихоб  гардиданд. Пеш аз иҷрои шартҳои асосӣ, роҳбари ҳар як даста  бо саломнома дастаи худро ба тамошобинон муаррифӣ намуда, мохияти пеш бурдани тарзи ҳаёти солим дар зиндагии инсон ва ҷомеа, зарари  истеъмоли  маводи  мухаддир, зарурияти  гузаштан аз муоинаи тиббӣ баъди муҳоҷират донишу фаҳмиши худро пешниҳод намуд.

Мутобиқи шартҳои озмун саломномаи дастаҳо низ аз тарафи  ҳайати доварон арзёбӣ гардид. Рафти озмун шаҳодат дод, ки ҳар се даста ба ин озмун тайёрии пухта дида, бо иҷрои супоришҳо мақсадҳои  асосии  озмунро баён  намуданд. Иҷрои шартҳо ва арзёбии  ҳайати  доварон  собит  намуд, ки ба ин мусобиқа дастаи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ  омодагии хубтар  дида  бо 54 хол  ғолиби  озмун  гардид, ҷойи дуюм насиби тими Раёсати Агентии назорати маводи  нашъаовари назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  вилоят ва тими  маркази  ҷавонон  сазовори  ҷойи  сеюм  гардид.

Ғолибони озмун бо тўҳфаҳои арзанда ва ифтихорнома қадр    гардиданд.

                                                                      Хушназаров Ф.

                           мутахассиси  пешбари  шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати   ВМКБ