Саҳми муҳоҷир дар ободии диёр

23 просмотров

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худашон бахусус таъкид карданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути тақвияти нерўи инсонӣ, ташакули ҳаёт ва оилаи солим, беҳбудии вазъи бозори меҳнат, ҳадафи асосии худ қарор медиҳад.

Мо бо куллӣ эҳсос мекунем, ки бо роҳбарию ҳидояти сарвари тавоною дилсўз ва ғамхори халқ тамоми имкониятҳоро баҳри беҳбудии зиндагии мардум равона месозад.

Бояд қайд намуд, ки сиёсати пешгирифтаи сарвари оқилу доно Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нафақат дар дохили кишвар, балки берун аз марз ҷонибдорӣ менамояд.

Исботи гуфтаҳои дар боло зикргардида, фақат як амали хайрхоҳона, ки аз тарафи Хайрулло Хайруллоев истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, ки дар соли сипаригардида рўи кор омад зикр намудан ба маврид мебошад .

Аз тарафи ин шахси хайрхоҳ ва бо ору номус ба маблағи  300 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Хоруғ 1-адад мағозаи замонавӣ,  1- кошонаи ҳусн ва 1- меҳмонхонаи 3-ҳуҷрагӣ барои мусофирон ва донишҷуён сохта ба истифода дода шуд, ки дар он  4 – нафар сокинони шаҳри Хоруғ бо ҷои кори  доимӣ таъмин гардиданд. Чунин амалҳои хайрхоҳона дар шаҳри Хоруғ кам набуда дар оянда низ  вусъат  хоҳад  ёфт.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки оиди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, тамоми мардуми Тоҷикистон ва шаҳрвандони бурунмарзӣ дар ободу гул-гул шукуфии диёрашон бетараф набуда, сиёсати пешрафтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ менамоянд.

Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                                    дар шаҳри Хоруғ