Дар маркази ноҳияи баландкӯҳ

107 просмотров

Имрӯзҳо дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Шӯрои уламои дини вилоят дар ноҳияи Айнӣ ҳам чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ доир шуда истодаанд.

Чорабинии навбатӣ дар деҳаи Айнии Ҷамоати деҳоти Айнӣ, ки ҳамзамон маркази ноҳия маҳсуб мешавад ва номи қадимааш Варзи Манор аст, доир гардид. Ташкилкунандагони он бахши кор бо дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҷамоат ва бахши ноҳиявии Хадамоти муҳоҷират буданд.

Мулоқот бо шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро мутахассиси бахши кор бо дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҷамоат С. Почоев ифтитоҳ намуда, мақсади баргузор намудани чорабиниро шарҳ дод.

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ Б. Ғайбуллоев зимни суханрониаш аҳли толорро бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм огоҳ намуда, дар симои иштирокчиён аҳли ҷомеаро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва муқовимату муборизаи беамон бар зидди чунин омилҳои номатлуб даъват кард. Дастур дод, ки волидону дигар аъзои оила ва наздикону пайвандони муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми дар муҳоҷират қарор доштани онҳо доим аз ҳолу аҳволашон огоҳ шуда истанд, бо насиҳатҳои худ сади роҳи воридагрдидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро шаванд.

Дар рафти саволу ҷавоби озод маърӯзачиён ба пурсишҳои иштирокчиён посух гуфтанд. Чорабинии мазкур бо ширкати наздик ба 100 нафар шаҳрвандон дар сатҳи баланд гузашт. Дар ҷамъбаст намояндаи маҳаллаи деҳаи Айнӣ М. Акбаров аз номи аҳли толор ба ташкилкунандагони мулоқот миннатдорӣ баён кард.

 

                                                                            Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                                дар ноҳияи Айнӣ