Дар шаҳрҳои Новокузнетску Новосибирск бо соҳибкорону ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯриҳо доир гардиданд

39 просмотров

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии хеш соли 2019 «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» эълон намуданд.  Дар робита ба ин бо ибтикору дастгирии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Сибир Зардӣ Шамсиддин, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Сибир Шералӣ Нуриддин ва раисони ҷамъиятҳои тоҷикони Новокузнетск Шавкат Тоҳиров, Раҳмоналӣ Одинаев, раиси ҷамъияти тоҷикони Новосибирск Сияршо Абдуҷабборов, раиси ноҳияи Нуробод Ҳасан Дӯстзода дар шаҳрҳои Новокузнетск ва Новосибирск  бо соҳибкорону ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрию суҳбатҳои судманд баргузор гардиданд.

Ҳадаф аз баргузории чунин вохӯриву суҳбатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ ба онҳо фаҳмонидани  пешниҳодҳои ободкоронаи Пешвои миллат ва дар ин самт ҷалби соҳибкорони ватанӣ барои рушди маҳал, ҷалби сайёҳон ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад,-гуфтанд иштирокдорони мулоқотҳо.

Барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ободии Ватан, рушди маҳал ва дар ин замина саҳмгузор будан дар ободиҳои диёри аҷдодӣ ҳам қарз ҳасту ҳам фарз,-гуфтанд соҳибкорони ватанӣ Раҳмоналӣ Одинаев, Шавкат Тоҳиров, Имомиддин Сониев, Амирҷон Ризоев ва  Қаҳрамон Ҳамдамов, ки дар Новокузнетск фаъолияти пурсамар дошта, пайваста дар ҳама ҷашну чорабиниҳои сатҳи баланди ватанӣ фаъолона ширкат мекунанд.

Раиси ноҳияи Нуробод Ҳасан Дӯстзода зикр кард, ки «инсони комил ҳар куҷое бошад, марзу бум ва хоки аҷдодиашро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Чун тоҷикон миллати соҳибтамаддунанд, тавонистаанд дар ҳар гӯшаи олам худро чун мардуми ободкору созанда муаррифӣ намоянд».

                                                                          Садбарги БОҚӢ,

                                     хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар ФР