Сокинони калонтарин деҳаи ноҳия огоҳонида шуданд

41 просмотров

 

Урметан на танҳо калонтарин деҳаи ноҳияи Айнист, балки дар водии Зарафшон яке аз калонтарин нуқтаҳои аҳолинишин ба ҳисоб рафта, дар домони меҳрпарвари худ даҳҳо нафар ходимони ҳизбӣ, давлатию ҷамъиятӣ, арбобони илму ҳунар, адибону рӯзноманигорон, табибону омӯзгорон, коргарону деҳқонони асил ва шахсиятҳои варзидаву шинохтаро ба камол расонидааст. Дар замони шӯравӣ хоҷагии ҷамоавии «Узбекистон», ки деҳа дар ҳудуди он ҷойгир буд, миллионер ва бойтарин хоҷагии ноҳияи Айнӣ маҳсуб мешуд.

Аммо бо тақозои замон имрӯз як қисми сокинони деҳаи Урметан ҳам ҳамасола ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Ҳоло, ки аксари кули муҳоҷирони меҳнатӣ дар зодгоҳашон қарор доранд, бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ тасмим гирифт пеш аз сафар дар байни онҳо корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монад. Дар ин самт бахшро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастгирӣ намуд.

Дар назди ҳозирин, ки аксарияташон муҳоҷирони меҳнативу аъзои оилаи онҳо буданд ва шумораашон ба 150 нафар мерасид, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Б. Ғайбуллоев ва раиси Ҷамоати деҳоти урметан Ф. Қурбонов суханронӣ карданд.

Дар рафти чорабинӣ ба ғайр аз бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба иштирокчиён чанд номгӯй маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ тақсим гардид.

 

                                                                                      Мардон ҚУРБОНОВ