Моёншо Маҳмадбеков: Бардошт аз сафари хизматӣ

26 просмотров

Аз 14 то 20 марти соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербурги Федератсияи Россия семинари амалӣ дар мавзӯи “Ҳамгироии муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта” баргузор гардид.
Дар он муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират Моёншо Маҳмадбеков ширкат варзида, таъсуроти худро аз сафари хизматӣ чунин ибрози ақида намуд.
Дар доираи сафари хизматӣ мулоқоти нахуст, 15 марти соли равон дар шаҳри Санкт-Петербург бо Роҳбари Фонди дастгирӣ ва рушди барномаи иҷтимоӣ дар ФР Андрей Якимов баргузор гардид. Бояд гуфт, мақсади ташкилоти хайравӣ ин беҳтар намудани равандҳои муҳоҷират дар ҳудуди Федератсияи Россия буда, ҳамкориҳои зич бо шаҳрвандони Осиёи Марказӣ дорад. Дар соли сипаригашта, Фонди мазкур чанд вохӯриҳо бо кормандони Консулгарии ҶТ дар шаҳри Санкт-Петербург барпо намуда, ҳамкориҳои зич бо Ҷамъиятҳои тоҷикон низ доранд. Инчунин, аз тарафи ин ташкилот бо забони тоҷикӣ ва русӣ маводҳо барои муҳоҷирон оиди қонунгузории ФР пайваста ба нашр мерасад. Дар ҳолати муроҷиати шаҳрвандони ҷумҳурӣ муҳоҷирони меҳнатӣ маслиҳатҳои ҳуқуқии ройгон расонида мешавад. Маблағгузории ин ташкилоти мазкур аз буҷаи давлати кишвари Россия ба роҳ монда шудааст.
Дар доираи сафари хизматӣ 16 март вохӯрӣ бо роҳбари Ҷамъияти тоҷикистониёни шаҳри Санк-Петербуги Федератсия Россия “Аҷам” Мурод Усмонов барпо гардид. Ин ҷамъият аз соли 1992 фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои бо кор таъмин намудани шаҳрвандони мамлакат ва ҳимояи ҳифзи ҳуқуқи онҳо барасӣ гардид.
Рӯзи 19 март дар шаҳри Москва семинари амалӣ кори худро оғоз намуда, дар кори семинар Александр Фей коршиноси байналмилалӣ доир ба сиёсати муҳоҷират, Мусоев Усмон асистенти Ҷамъияти Олмонӣ оид ба Ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Россия Мирзозода Тоир, Бунёд Гафуров сеюм секретари посоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Боев Саид муовини аввали Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Россия, Иброгим Ахмедов котиби матбуоти намояндагӣ дар Федератсия Россия, Ромиш Холназаров мутахасиси шуъбаи ҳуқуқ дар шаҳри Краснодар, Азимова Дилрабо сардори шуъбаи ҳуқуқи намояндагӣ, Муҳсиддинов Абдулмумин сармутахассиси пешбари намояндагӣ дар шаҳри Масква, Вализода Нуралӣ мутахасис кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Масква иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии семинари амалӣ муҳокимаи як қатор масъалаҳои мубрам, аз ҷумла реинтегратсияи иқтисодӣ-иҷтимоии муҳоҷирони баргашта аз ФР ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани се қисмати ташкилкунанда барои муввафақ ва устувории муҳоҷирати баргашт ба ватан, идораи муҳоҷирати бозгашт, мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Россия оиди муҳоҷирони баргашта ба ватан буд.
Александр Фей коршиноси байналмилалӣ доир ба сиёсати муҳоҷират дар мавзуъи “Муносибат оиди идораи муҳоҷирати бозгашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Оиди хулосаи натиҷаҳои пурсиши талаботҳои муҳоҷирони баргашта” баромад намуданд.
Роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Россия Мирзозода Тоир оиди фаъолияти Намояндагӣ дар ФР маълумот дод.
Муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират Моёншо Маҳмадбеков дар мазӯи “Вазъи муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, оид ба вазъи демографӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, тағйиротҳои нави қонунгузории давлатҳои қабул дар самти муҳоҷират ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ посух дод. Инчунин дар баромадаш оид ба масъалаҳои танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи таълими касбӣ, забондонӣ, бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ҷамъиятҳои тоҷикон, нчунин муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод кард. ӯ гуфт, имрӯз яке аз масъалаи муҳими самти муҳоҷирати меҳнатӣ ин реинтегратсия ё мутобиқшавии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта маҳсуб меёбад. Масъалаи мазкур аз талаботи Консепсияи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2016-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2015 тасдиқ шудааст, бармеояд.
Дар хатми баромадашон ба саволҳои иштирокчиён, аз ҷумла доир ба дурнамои муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва ғайра ҷавобҳои мушаххас дод.
Дар рафти сафари хизматӣ, аз тарафи муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират Моёншо Маҳмадбеков чанд таклифу пешниҳодҳои судманд манзур гардид, ки қобили қабул гардид. Аз ҷумла, пурзӯр намудани фаъолият дар самти ҳамкорӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷамиятҳои тоҷикон дар хориҷа ҷиҳати ҷалби онҳо барои рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ зиёд намудани теъдоди самтҳои хизматрасонӣ ба табақаҳои эҳтиёҷмандони муҳоҷирони меҳнатии бозгашта, таъсис додани шуъба оид ба барномаҳо дар самти муҳоҷират ва мониторинг дар сохтори Хадамоти муҳоҷират, пурзӯр намудани ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ дар самти амалӣ намудани лоиҳаҳо ҷиҳати дастгирии муҳоҷирони меҳнатии бозгашта, гузаронидани тренинг ва семинарҳо бо кормандони Марказҳои машваратӣ оиди модели интеграцияи иқтисодии муҳоҷирони баргашта, дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Марказҳои таълими калонсолони Тоҷикистон, кушодани курсҳои асосҳои соҳибкорӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баргашта ва гузаронидани тадқиқот оиди мушкилоти ба шуғл фаро гирифтани муҳоҷирони баргашта.
Анвар ЮСУПОВ