Сафарбаркунӣ ба корҳои мавсимӣ

89 просмотров

Пас аз танаффуси муваққатӣ дар доираи омодагиҳо ва рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз субъектҳои хоҷагидори вилояти Суғд боз ба фаъолияти сафарбаркунӣ ва бо ҷои кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа оғоз намуданд.

Аз ҷумла, 3 апрел Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мирзо ва К” таҳти роҳбарии бародарон – сардорони гурӯҳ Собирҷон ва Салимҷон Мамадҷоновҳо 65 нафар сокинони ноҳияи Ҷаббор Расуловро, ки таҷрибаи хуби деҳқонӣ доранд, барои таъмин намудан бо корҳои мавсимӣ ба вилояти Волгогради Федератсияи Русия гусел намуд.

Ширкати мазкур қаблан бо ҷониби кордиҳанда созишномаи ҳамкорӣ бастӣ, баъдан бо муҳоҷирон шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонидааст, ки муҳлати амали он 8 моҳ мебошад. Аксари сафарбаршудагон солҳои қаблӣ ҳам аз ҷониби ҶДММ “Мирзо ва К” дар Федератсияи Русия бо корҳои мавсимӣ таъмин шудаанд ва аз хизматрасонии он қаноатманд мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки соли равон ҳам дар самти таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҷои кор дар хориҷа аз байни субъектҳои хоҷагидори вилоят ҶДММ “Мирзо ва К” пешсафтарин мебошад.

 

Мардон ҚУРБОНОВ