Гусели ботантана дар истгоҳи роҳи оҳан

197 просмотров

 

 

Аз истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд, воқеъ дар ҳудуди шаҳраки Ғафуров ҳар ҳафта рўзи чоршанбе қатораи хатсайри «Хуҷанд – Москва» ба роҳ мебарояд. Бояд гуфт, ки аз хизматрасонии ин қатора на танҳо сокинони вилояти Суғд, балки сокинони дигар минтақаҳои Тоҷикистон ҳам истифода мебаранд.

Рўзи 10 апрел аз истгоҳи мазкур 3 гурўҳи муҳоҷирони меҳнатӣ ботантана ба Федератсияи Русия гусел карда шуданд ва дар ин маросим муовини сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷамшедхон Сайфуллозода ва мутахассиси пешбари шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсат Рустам Ҷамолов иштирок намуданд.

Ин гурўҳҳои муҳоҷирони меҳнатӣ иборат аз 102, 65 ва 2 нафар аз ҷониби ҶДММ «Мирзо ва К» барои бо кор таъмин намудан ба вилояти Волгоград ва ноҳияи Дмитрови вилояти Москва сафарбар гардиданд. Тибқи созишнома онҳо дар Федератсияи Россия бо кори мавсимӣ дар соҳаи хоҷагии қишлоқ таъмин карда мешаванд. Ширкат барои бо ҷои кор таъмин намудан асосан сокинони ноҳияи аграрии Ҷаббор Расулов (167 нафар) ва Спитамен (2 нафар)-ро интихоб кардааст, ки дар соҳаи кишоварзӣ таҷрибаи фаровон доранд.

Намояндагони Раёсат қабл аз гусел дар байни онҳо вобаста ба муҳоҷирати бехатар корҳои фаҳмондадиҳӣ бурданд ва маводҳои иттилоотӣ – маърифатӣ тақсим карданд.

Бо назардошти сардорони гурўҳ ҶДММ «Мирзо ва К» дар ин рўз 175 нафар муҳоҷирони меҳнатиро ба Федератсияи Русия гусел кард.

 

                                                                     Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                           дар вилояти Суғд