Иштирок дар иҷлосияи вакилони халқ

100 просмотров

 

Дар асоси ҷадвали мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба гузаронидани иҷлосияҳои навбатии маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ 10 апрел дар толори мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент (даъвати панҷум) доир гардид ва сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ ба ҳайси намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар он иштирок намуд.

Баъди аз ҷониби раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент –  раиси шаҳр Шафеиён И.З. кушода шудани иҷлосия оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №294 “Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 – 2023” вакили Маҷлиси шаҳрии вакилони халқ, муовини раиси шаҳр З. Азимӣ маърӯза кард.

Дар идома ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои сохтмон, саноат, нақлиёту алоқа, хоҷагии роҳ ва хоҷагии рифоҳӣ ва ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Нови Чомоқ”, №33 оид ба рафти иҷрои ваколати вакилӣ шунида шуд.

Зимни суханронӣ ба ҳайси намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Зайнура Шарифӣ андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои баррасишуда баён намуд. Нимаи дуюми рӯз маҷлиси фаъолони шаҳр оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи аввали соли равон доир гардид, ки номбурда дар он ҳам иштирок ва суханронӣ кард.

 

                                                                           Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                               дар вилояти Суғд