Омодагӣ ба сафарбаркунии гурӯҳи навбатӣ

115 просмотров

 

Баъди санаи 10 апрел ботантана гусел намудани ду гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатӣ аз истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд ҶДММ “Мирзо ва К” рӯйхати нави муҳоҷирони меҳнатиро барои бо ҷои кор таъмин кардан дар хориҷа бо  Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мувофиқа намуд.

Ин навбат ба ҳайати гурӯҳи сафарбаршаванда 17 нафар сокинони ноҳияи Спитамен шомиланд, ки дар соҳаи кишоварзӣ таҷрибаи хуб доранд.

Ширкат тасмим гирифтааст рӯзҳои наздик онҳоро ба ноҳияи Дмитрови вилояти Москва интиқол диҳад. Аз рӯи шартнома муҳоҷирони меҳнатӣ дар он 11 моҳ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ фаъолият менамоянд. ҶДММ “Мирзо ва К” ба онҳо шароити мусоиди зиндагӣ, кору истироҳат ва маоши баландро кафолат додааст.

 

                                                                                          Мардон ҚУРБОНОВ