Фаъолияти се моҳа ҷамъбаст гардид

89 просмотров

12-уми апрел дар Хадамоти муҳоҷират маҷлиси ҷамъбастии Шӯрои Хадамоти муҳоҷират оид ба фаъолият дар семоҳаи аввали соли 2019  ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли ҷорӣ доир гардид.

Бо маърӯзаи ҳисоботӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Хадамот дар семоҳаи авали соли 2019 муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷират Моёншо Маҳмадбекзода баромад намуда иброз дошт, ки  дар давраи ҳисоботӣ аз ҷумҳурӣ 87 ҳазору 546 нафар  шаҳрвандони кишварамон ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намуданд. Аз ҷумла ба Федератсияи Россия – 84300 нафар, Қазоқистон – 1892 нафар сафар кардаанд. Рафти муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 % зиёд шудааст.

Дар ин давра аз хориҷи кишвар зиёда аз 64 ҳазор нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ватан бозгаштанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 10% кам мебошанд.

Ба Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он 18 ҳазору 365 нафар шаҳрвандон аз ҷумла 17035 нафарашон тариқи шифоҳӣ,  162 нафар  хаттӣ ва 1168 нафарашон бо  телефони боварӣ бо дархост муроҷиат кардаанд.

Ҳангоми санҷиши шаҳрвандон пеш аз сафар ба Федератсияи Россия зиёда аз 7 ҳазор нафар, ки дар рӯйхати мамнӯъшудагон дар маҳзани маълумоти Хадамоти муҳоҷират ба қайд гирифта шуда буд, муайян карда шуда, аз сафари бебарор баргардонида шуданд.

Дар баробари ин аз ҷониби гурӯҳи коршиносони дуҷонибаи Тоҷикистону Россия мутобиқи муқаррарот ариза ва дигар ҳуҷҷатҳои 5 категорияи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавии онҳо ба қаламрави Федератсияи Россия манъ гардидааст,  30 ариза баррасӣ карда шуд.

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби Муассисаҳои давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва Бохтар, дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, фурудгоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ, синфхонаи Марказ дар ш.Душанбе вохӯриҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуданд, – афзуд ӯ.

Сипас ҳисоботи сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ, Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе, бахшу шуъбаҳо дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва директорони  Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”оид ба фаъолияти семоҳа ва камбудиҳои ҷой дошта шунида шуд.

Сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолӣ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Саидасрор Саидов баромад намуда, ба иштирокчиёни ҷаласа дар бораи дуруст ба роҳ мондани ҳисоботи маълумотҳо, пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни шаҳрвандон, мавзӯъҳои баромадкунандагон ба таври презентатсия зимнан ба роҳ монда шавад, мустаҳкам намудани ҳамкориҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, инчунин дар бораи мушкилот ва ҳалли проблемаҳои ҷойдошта дар самти муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ сухан гуфт.

Маҷлиси ҳисоботӣ бо вазифагузориҳои Сардори Хадамоти муҳоҷират  ба охир расид.

 

                                                                                                      Анвар ЮСУПОВ