Чорабинии муштарак дар Навбаҳор

99 просмотров

 

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мастчоҳ чорабинии муштараки иттилоотӣ – маърифатиро ин навбат 9 апрел дар ҷамоати деҳоти Навбаҳор созмон дод. Дар ташкил ва гузаронидани он мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шуъбаи корҳои дохилӣ, Маркази ноҳиявии пешгирӣ ва мубориза ба муқобили ВНМО, МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд ва ташкилоти ҷамъиятии «Иқболи нек» бо бахш ҳамкорӣ намуданд.

Дар толори барҳаво 100 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ, аъзои оилаи онҳо, фаъолон ва намояндагони дигар табақаҳои аҳолӣ ҷамъ омада буданд. Дар назди онҳо муовини раиси ноҳия З. Умарзода, сархатиби ноҳия А. Мирзобеков, муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бӯстон А. Файзиев, сармутахассиси МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд У. Ҳошимова, сарвари Маркази ноҳиявии пешгирӣ ва мубориза ба муқобили ВНМО Б. Бадалов ва сардори ташкилоти ҷамъиятии «Иқболи нек» М. Бобоев вобаста ба хатарҳои ҷаҳони муосир, роҳҳои пешгирӣ ва мубориза ба муқобили онҳо суханронӣ намуда, баъдан ба саволҳояшон ҷавоб доданд.

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мастчоҳ Р. Қурбонов зимни ҷамъбасти чорабинӣ дар симои аҳли толор аз волидон ва наздикони муҳоҷирони меҳнатӣ дархост намуд, ки дар мусофират фарзандонашонро бе назорат нагузоранд ва сади роҳи амалҳои номатлубашон шаванд.

 

                                                                           Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                         дар ноҳияи Мастчоҳ