Дарси назариявӣ бахшида ба Рўзи пойтахт

108 просмотров

16 апрели соли равон бахшида ба Рўзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти муҳоҷират дарси назариявӣ баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи таблиғот ва иттиллоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Муҳаммад Вализода иштирок намуд.

Муҳаммад Вализода ба ҳозирин муфассал дар бораи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1 апрели соли 2019 «Дар бораи таҷлили Рўзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе» ба нақша гирифта шудааст ибрози ақида намуд. Ў қайд кард, ки мақсад аз баргузории чунин як маъракаи муҳим тозаву озода намудани шаҳри Душанбе ва дар сатҳи баланду зарурӣ баргузор намудани Рўзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ў гуфт иқдоми мазкур ба хотири тарбияи хуб, рў овардани ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, расидан ба қадри моликияти ҷамъиятӣ ва татбиқи муқаррароти Маромномаи сокини пойтахт мебошад, ки дар ин иқдом низ кормандони дастгоҳи марказии Хадамот фаъолона ширкат менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки айни замон ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Муҳоҷир»-и Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 70 нафар аъзо дорад.

                                                                                          Анвар ЮСУПОВ