Амалиёти фаврӣ – шартии «Нелегел-2019»

55 просмотров


Шуъбаи Хадамоти муҳҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, тибқи Фармоиши якҷояи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди гузаронидани амалиёти махсуси «Нелегал-2019» бо мақсади ошкор намудани роҳҳои муҳоҷирати ғариқонунӣ, ташкилотчиёни он, мубориза  бар зидди хариду фуруши одамон, пурзӯр намудани назорат оид  ба  риояи қоидаҳои буду боши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҳудуди вилоят аз тарафи кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар якҷояги бо кормандони мақомоти корҳои дохила, Раёсати кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ тибқи нақшаи тартибдодашуда дар ҳудуди ВМКБ амалӣ намуданд.

Аз  ҷумла, дар ин давра  аз тарафи мақомотҳои дар боло зикргардида гурӯҳҳои корӣ таъсисдодашуда дар бозорҳои марказӣ, нуқтаҳои  буду боши шаҳравандони хориҷӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ, идораву муассисаҳое, ки дар онҳо шаҳрвандони хориҷӣ кору фаъолият мекунанд, санҷишҳо гузарониданд. Ҳангоми гузаронидани амалиёт ҳамагӣ 78 – нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳти санҷиш қарор дода шуданд. Аз  ин шумора, 17 –нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии  Қирғизистон  31-нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, 16-нафар шаҳрвандони Покистон, 2-нафар шаҳрванди Ҳиндустон, 2 – нафар  шаҳрвандони Австрия, 2-нафар шаҳрвандони Канада, 2-нафар шаҳрвандони ИМА, 1-нафар шаҳрванди Сирия, 1-нафар шаҳрванди Шветсия, 1-нафар шаҳрванди Латвия, 3-нафар шаҳрванди Олмон, инчунин ташкилотҳои байналхалқии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати Помир Энерҷӣ, Шуъбаи Оперейшен Мерси Тоҷикистон дар ш.Хоруғ, Ташкилоти барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии мақомоти кӯҳистони хазинаи Оғохон, Оҷонсии ҳамкории техникӣ ва тарақиёт дар ноҳияи Мурғоб ва меҳмонхонаҳои Деҳли Дарбор, Варзиш, Сирена, Лал-ин ва Помир-Лоҷ, Кивекас таҳти санҷиш қарор дода шуданд.

Дар рафти санҷиши шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби шаҳрвандони мазкур ягон ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба қайд гирифта нашуд.

Аз тарафи гурӯҳи номбурда суҳбатҳо бо шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони маъсули қабулкунанда дар самти риояи қоидаҳои будубош аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуданд.

 

                                                                            Нуриддин Хайруллоев

                                                           сармутахассиси шуъбаи Хадамоти

                                                                             муҳоҷират дар ВМКБ