Аҳли ҷомеа огоҳонида мешаванд

938 просмотров

 

Ҷиҳати пешгирии хатарҳои сироятёбӣ аз бемории ВНМО, ташхису табобати он дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, шомилшавии ҷавонон, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, муқовимат бо экстремизм ва терроризм вохӯрии кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират ва шуъбаи  Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ваҳдат бо намояндагони ҷамоатҳои деҳот, кумитаи маҳаллаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар ин самт лоиҳаҳоро амалӣ менамоянд, баргузор гардид.

Дар  баромади мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат Ҳикматулло Аминов таъкид шуд, ки Ҳукумати кишвар дар роҳи мубориза бо экстремизму терроризм ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳо чораҳои муассир меандешад. Новобаста ба ин, волидайн бояд ҳангоми ба муҳоҷирати меҳнатӣ фиристодан фарзандонашонро аз хатарҳои терроризму экстремизм огоҳ намуда, истифодаи интернетро аз тарафи онҳо зери назорати қатъӣ ва доимӣ гиранд. Зеро имрӯзҳо интернет яке аз воситаҳои гумроҳ намудани ҷавонон аз тарафи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ гаштааст.

Дар хусуси пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО), ки мавзӯи дуввуми чорабинӣ буд, мутахассиси пешбари бахш Наврӯзҷон Соқиев сухан ронд. Ҳамзамон матни муроҷиатномаи аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасгардида ба самъи иштироккунандагон расонда шуд. Қайд гардид, ки Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмиллалӣ барои пешгирӣ ва аз байн бурдани ин беморӣ барномаҳои мушаххасро татбиқ намуда истодааст ва ташхису табобати беморон дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан худро эҳтиёт намоянд ва баъди бозгашт ҳатман аз ташхиси тиббӣ гузаранд.

Ҳамагӣ дар мулоқоти мазкур зиёда аз 100 нафар иштирок намуданд ва дар ҷамъбаст ба саволҳояшон посух гирифтанд. Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои маърифатӣ – иттилоотӣ дар  ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳам ба нақша гирифта шудааст.

 

                                                                                            Анвар ЮСУПОВ