Вохӯриҳо дар ҷамоатҳои деҳот

166 просмотров

Кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳамкорӣ бо намояндагони Маркази ВНМО ва БПНМ  ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ҷамоатҳои деҳоти Чорякорон, Россия, Чимтеппа ва Роҳатӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, фаъолон, ҷавонон вохӯрӣ доир намуданд. Дар он  масъалаи роҳҳои пешгирии беморшавии ВНМО ва қоидаҳои будубош дар Федератсияи Русия баррасӣ гардид.

Зимни вохӯрӣ бароматкунандагон таъкид намуданд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия баргашта барои мутмаин шудан  аз саломати худ бояд ҳатман аз муоинаи ташхиси тести лабараторӣ ВНМО гузаранд.

Дар фарҷом варақаҳои иттилоотӣ оид ба роҳҳои пешгирии бемории ВНМО ва қоидаҳои будубош дар Федератсияи Русия ба иштирокчиён тақсим карда шуд.

                                                                                                     Анвар ЮСУПОВ