Пос доштани хотираи абармардони майдони ҷанг

56 просмотров

 

Соли равон ба ғалабаи халқи Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизм, ки ҳамасола 9 май чун Рӯзи Ғалаба таҷлил мегардад, 74 сол пур мешавад. Аз ин лиҳоз бахшида ба ин сана ва пос доштани хотираи ин абармардони майдони ҷанг, 8 май дар Хадамоти муҳоҷират ҳамоиши ботантана  баргузор гардид.

Бо сухани табрикотӣ дар назди ҳозирин Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода баромад намуда, иброз дошт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Рӯзи ғалабаро дар радифи халқу миллатҳои дигар ҳамеша бо арҷгузориву қадрдонӣ аз корнамоиҳои ҷангиву ҷоннисориҳои фарзандони худ ва гиромидошти хотираи неки сарбозону афсароне, ки аз ҷабҳаи набард барнагаштаанд, таҷлил мекунанд.

Ба шарофати Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам омад, ки таърихи пуршарафи миллату давлати хешро хубтар омӯхта, ифтихори миллии худро тақвият бахшем, нагузорем, ки фазои ором ва сулҳу суботи Ватани моро абрҳои сиёҳ тира созанд. Ҷангу ҷидол инсониятро ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасонад, балки сабаби харобиву бадбахтиҳо мегардонад.

Ғалаба бар фашизм бори дигар собит сохт, ки падарону бобоёни мо бо шуҷоату мардонагӣ, ватандӯстиву матонат бар зиди зулму истибдод ва асорату бандагӣ муборизаи беамон бурда, барои таъмини ояндаи орому осоиштаи инсоният ҷоннисориҳо кардаанд.

Маҳз ба шарофату иттиҳоду ҳамбастагӣ, дӯстиву рафоқат ва фидокориву заҳматҳои шабонарӯзӣ дар солҳои Ҷанги Ҷаҳонӣ ғалаба насиби халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гардид.

Ҷанги Дуюми Ҷаҳон яке аз мудҳиштарин фоҷеаҳои башарият буда, ки дар он дар қатори дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ Тоҷикистон низ бо маҳрумиятиву машаққатҳои зиёд рӯ ба рӯ гардид ва талафоти гарон дод.

Қариб 300 ҳазор фарзандони бонангу номус ва шарафманди Тоҷикистон ба ҷабҳа рафта, аз онҳо 92 ҳазор нафарашон дар арсаи ҷанг қаҳрамонона шаҳид гаштанд.

Мо хотири неки онҳоро ҳамеша пос медорем ва ба неки ёд мекунем. Зеро бо гузашти солҳо арзиши муборизаҳои абармардони ҷабҳаи ҷанг дар қалбҳои мо боз ҳам равшантар ва барои наслҳои ҷавон сабақи зиндагӣ мегардад, – афзуд ӯ.

Дар идома аз ҷониби бароматкунандагон зикр карда шуд, ки барои насли имрӯзаи мо Рӯзи Ғалаба на танҳо ба таври муқаддас пос доштани хотираи бобоён ва падаронамон аст, ки барои шараф ва номуси халқу диёрамон ҷони худро нисор намудаанд, балки санаест, ки ҳар яки моро водор месозад муборизони ҳақиқии сулҳи пойдор байни халқҳои ҷаҳон бошем ва ба ҳаракати қувваҳои ҳангоматалабу ҷангхоҳ дар ҳар шакле, ки зоҳир нашавад, сари вақт хотима гузорем.

Ҷанг дар таърихи инсоният ҳамеша ҳодисаи даҳшатнок ва нанговар ба шумор меравад. Ин аст, ки ҳар халқи соҳибтамаддун ва бофарҳанг бояд аз ҷангу ҷидол бипарҳезад ва бо маслиҳату андеша барои сулҳу салоҳ мубориза барад.

                                                                                          Анвар  ЮСУПОВ