ДАР ПАНҶ МОҲ ПАНҶ ЯРМАРКА

51 просмотров

Дар шароити имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз роҳҳои бо ҷои кор таъмин намудан ва ба касбу забономӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандони бекор, муҳоҷирони меҳнатии аз қаламрави Федератсияи Русия берункардашуда ва воридшавиашон ба ин кишвар муваққатан манъгардида ташкили ярмаркаи ҷойҳои холии кор мебошад. Бо назардошти ин, давоми соли равон дар маркази вилояти Суғд бо ибтикори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Хуҷанд 5 маротиба ярмаркаи ҷойҳои холии кор гузаронида шуд.

Ин гуна чорабинӣ 21 январ дар маҳаллаи «Темурмалик», 13 феврал дар маҳаллаи «Чорчароғ», 5март дар маҳаллаи «Хуҷанҷ», 19 март ва 3 май дар майдони «Регистон»-и назди бозори Панҷшанбе доир гардид.

Ярмаркаи ҷойҳои холии кор, ки бахшида ба Рӯзи Ғалаба бар фашизм ташкил шуд, ба чорабинии калони маърифатию иттилоотӣ табдил ёфт. Дар рафти кушодашавии он намояндагони Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят, шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ», шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа,  кор бо занон ва оила, бахши кор оид ба дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятии «Амали нек» иштирокнамуданд.

Дар баробари пешниҳод ва муаррифӣ кардани ҷойҳои холии кор дар байни ташрифовардагон ба таври густурда оид ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар, пешгирӣ ва мубориза ба муобили терроризму экстремизм, савдои одамон, бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО, вайроншавии оилаҳо ва дигар хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир, ҳамчунин таълиму тарбияи фарзанд, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва тарзи ҳаёти солим корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ шуд. Дар ин радиф чанд номгӯй маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ тақсим гардид.

Ҳамагӣ дар ярмарка 83 адад корхонаю ташкилотҳо иштирок намуда, 617 ҷои кори холиро пешниҳод карданд. Аз ҷумлаи зиёда аз 500 нафар шаҳрвандони ташрифоварда 80 нафар ба кори доимӣ роҳхат гирифта, 50 нафар бо ҷои кор таъмин гардиданд. Ҳамзамон 10 нафар хоҳишмандон ба касбу забономӯзӣ фиристода шуданд.

Дар умум, дар 5 ярмаркаи аз оғози сол то ин ҷониб гузаронидашуда 353 корхона бо пешниҳод намудани 2824 ҷои холии кор ва 1141 нафар шаҳрвандон иштирок намуда, ба 188 нафар корҷӯянда барои кори доимӣ роҳхат дода шудааст. Шумораи бо кор таъминшудагон 108 нафар, ба касбу забономӯзӣ фиристодашудагон22 нафар буда, аксари онҳо ҷавонону занон мебошанд.

Ярмаркаи навбатии ҷойҳои холии корба пешвози Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба нақша гирифта шудааст.

                                                                         Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                           дар вилояти Суғд