Мулоқот дар фурудгоҳ

71 просмотров

Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар ш. Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар ш.Душанбе мулоқоти навбатиро дар фурудгоҳ бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳангоми бақайдгирии хатсайри №82 Душанбе-Москва бо теъдоди 120 нафар баргузор намуданд.

Зимни мулоқот бо мусофирони хатсайр корманди масъули Марказ Абдумаҷид Оев ва корманди масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе Оятулло Суфиев сухан ронда, муфассал дар мавзӯъҳои масъалаҳои зарурияти муайян намудани вазъи саломатӣ пеш аз сафар, ҷойи кор ва зист дар хориҷи кишвар, бо корфармо бастани шартномаи меҳнатӣ, дастрас намудани маълумотҳои саҳеҳ оиди корфармо, санҷиши иҷозат барои интиқоли муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҷониби ширкати вакансияҳои пешниҳодшаванда, гирифтани машварат ва сертификати донистани забони русӣ, тартиби пур кардани корти муҳоҷиарти меҳнатӣ дар сарҳади кишвари Россия, фаҳмонидани талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016 таҳти №776 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020», бовар накардан ба ваъдаҳои бардурӯғи гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ,  инчунин оиди пешгирии касалиҳои сироятии ВНМО (ВИЧ-СПИД), пешгирии касалиҳои сил ва доир ба масъалаҳои мубрами рӯз маълумот доданд.

Дар фарҷоми суҳбат ба шаҳрвандон чанд намуд нусха маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ дастрас гардонида шуд.

                                                                                           Анвар ЮСУПОВ