СОЛЕ, КИ ЗАМИНА БАРОИ РУШДИ ДЕҲОТУ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ БУД

51 просмотров

Дар ҳама давру замон шахси ҳунармандро бо ҳунари асилаш мешиносанду қадр мекунанд. То расидан ба марҳилаи рушди технологиву коммуникатсионӣ барои инсоният ҳунарҳои мардуми аз ҷойгоҳи волое бархӯрдор будаанду имрӯз ҳам ҳастанд. Ҳунар ва хоссатан кори дастӣ дар дилхоҳ давру замон ва дилхоҳ ҷомеа арзиши худро доштааст. Ҳатто дини мубини ислом низ мардумро ба рушди ҳунару ҳунармандӣ даъват намудааст. Аз ҷумла, аз мазмуни яке аз аҳодиси Паёмбари ислом фаҳмида мешавад, ки кори дастиро беҳтарин амал унвон кардаанд.

Дар замони муосир, ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ аз чанд ҷиҳат барои ҷомеа ва давлат муҳим арзёбӣ мешавад. Аз ҷумла, рушди ин бахши муҳим ҳам ба иқтисоди ҳар як оила ва дар маҷмӯъ давлат таъсири хуб мегузорад ва ҳам давлату миллатро бо намунаи барҷастаи фарҳангу ҳунураш дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ месозад. Ин аст, ки масъалаи рушди ҳунарҳои мардумӣ  пайваста мавриди таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ҷониби Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидан гувоҳи ин гуфтаҳост.

Ин иқдоми пешгирифтаи Сарвари давлат  бори дигар барои мо имкон медиҳад, ки ба фарҳанги қадима ва ҳунарҳои гузаштагони мардуми тоҷик рӯ  биёварем, ибрате аз гузаштаи пурифтихори худ бигирем ва дар роҳи тарбияи насли ҷавон дар рӯҳия худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ замина гузорем.

Дар як соли гузашта таъсири неки эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро ҳамагон шоҳид гаштем. Аз нишондиҳандаҳои оморӣ бароямон маълум аст, ки дар соли гузашта шумораи сайёҳон дар кишвари мо ба маротиб афзуд ва мардуми мо як қадами устуворе дар роҳи эҳё ва ҳифзи ҳунарҳои мардумӣ ва дар маҷмӯъ арзишҳои миллии худ гузошт. Мутмаинем, ки ин замина дар самти расидан ба ҳадафҳои се соли баъдӣ, яъне рушди деҳот, тақвияти бахши сайёҳӣ ва ҳифзу гиромидошти ҳунарҳои мардумӣ мусодат хоҳад кард.

                                                                                         Анвар ЮСУПОВ