ДУ МУЛОҚОТ ДАР ЯК ҶАМОАТ

807 просмотров

 

Чорабинии иттилоотӣ маърифатие, ки 23-юми май бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан доир гардид, ба мавзӯи шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, одамрабоӣ ва савдои одамон, истифодаи намудҳои бадтарини меҳнати кӯдак,  пешгирӣ ва мубориза ба муқобили бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ва  муҳоҷирати бехатар бахшида шуд. Бино ба иттилои мудири бахш Ҳ. Ҷумъазода ин чорабинӣ нақшавӣ буд ва дар асоси нақшаи якҷояи Раёсати Кумитаи давлатии  амнияти миллӣ, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  вилояти  Суғд  ва  Шӯрои  уламои  дини  вилоят  дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғ гузаронида шуд.

Чорабиниро раиси ҷамоат О. Шарипов ҳусни оғоз бахшид. Сипас дар назди иштирокчиён, ки асосан кормандони ҷамоати деҳоту кумитаи маҳаллаҳо, шӯроҳои кор бо занону ҷавонон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, фаъолони ҷомеа буданд, мутахассиси  пешбари  бахши  Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан Ф. Ҳакимов,  сармутахассиси Раёсати Агентии  меҳнат ва шуғли аҳолӣ  Н.Баҳриддинов,  сарвари Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим М. Сайфиддинова,  намояндагони ташкилоти ҷамъиятии “САФӢ” ва Маркази  мубориза  бар  зидди ВНМО  дар  шаҳр суханронӣ карданд ва ба пурсишҳо посух доданд.

Давоми моҳи равон ин мулоқот дуюмин чорабинии иттилоотӣ – маърифатие буд, ки бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғ гузаронида шуд.

 

                                                                           Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                   дар шаҳри Истаравшан