ҶАЛАСАИ МАШВАРАТӢ ДОИР ШУД

931 просмотров

Бо мақсади баррасии натиҷаҳои аттестатсияти хизматчиёни давлатӣ,  таҳлили ҳолати татбиқи қарорҳои дахлдори Ҳукумати мамлакат вобаста ба  муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ, таъмини иҷрои Пешниҳоди Прокуратураи вилояти Суғд аз 07.05.2019, №14/19-19 оиди бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳое, ки ба онҳо мусоидат кардаанд ва ислоҳи саривақтии камбудию норасоиҳои ҷойдошта 28 май бо иштироки кормандони дастгоҳи Раёсат, мудирони бахш ва сардорони шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо, Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан маҷлиси машваратии  назди Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир гардид.

Дар рафти он асосан масъалаҳои ҷамъбасти натиҷаҳои аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, вазъи муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ дар шаҳру ноҳияҳои дахлдор, ислоҳ ва бартараф намудани қонуншиканиҳое, ки дар ин самт дар ноҳияи Ашт ва дигар шаҳру навоҳӣ ошкор шудаанд мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷаласаи машваратиро сардори Раёсат Зайнура Шарифӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, бори дигар аҳли толорро ба натиҷаҳои аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ ҷалб намуд. Зимни суханронӣ мавсуф ҷавоби ҳар нафар хизматчии давлатии аз аттестатсия гузаштаро дар алоҳидагӣ таҳлил намуда, дар ҷамъбаст омодагии хизматчиёни давлатиро ба ин маъракаи муҳим нокифоя арзёбӣ кард. Таъкид гардид, ки  аксари мутахассисон нисбат ба сардорони шуъбаю мудирони бахшҳо фаъолтар буданд.

Дар идомаи маҷлис мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ Ҳусейнҷон Зоидов оид ба ин самти фаъолият гузориш дода, мазмуну муҳтавои Пешниҳоди Прокуратураи генералии Ҷумҳуриии Тоҷикистонро дар робита ба ҳолати иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати дохилию экологӣ ба аҳли толор фаҳмонид. Оид ба масъалаи мазкур Сардори Раёсат зимни баёни андешаҳои худ аз мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ Ҳусейнҷон Зоидов, мудирони бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияҳои Ашт Нодира Назарова, Деваштич Санавбар Баҳодурова пурсиш ба амал оварда, бо мудирони бахшҳои Хадамот дар шаҳру ноҳияҳои Исфара Мустақим Ахмедов, Зафаробод Илҳом Турсунов, Айнӣ Баҳрулло Ғайбуллоев, Кўҳистони Мастчоҳ Маҳмадносир Ниёзов, Ҷаббор Расулов Олимҷон Узоқов мубодилаи афкор намуд.

Вобаста ба Пешниҳоди Прокуратураи вилояти Суғд аз 07.05.2019, №14/19-19 оиди бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳое, ки ба онҳо мусоидат кардаанд ва ислоҳи саривақтии камбудию норасоиҳои ҷойдошта мутахассиси пешбари шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Райсат Фаррух Самадов иттилоъ дода, баён дошт, ки аз рўзи воридшавии пешниҳоди мазкур корбарӣ ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо оғоз гардидааст ва то 28 майи соли равон дар ин самт корҳои муайян ба иҷро расиданд.

Дар идомаи маҷлис дигар самтҳои фаъолият, аз ҷумла ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ, санҷишҳои назоратӣ дар корхонаҳои муштарак ва бо ҷалби қувваи кори хориҷӣ фаъолиятбаранда,  коргузорию ҳуҷҷатнигорӣ, риояи интизоми меҳнат, баланд бардоштани сатҳи касбият ва малакаи кормандон ҳам мавриди баррасӣ қарор гирифтанд..

Маҷлисро сардори Раёсат З. Шарифӣ баъди додани супоришу вазифаҳои мушаххас ба ҳар нафар иштирокчӣ ҷамъбаст намуд.

 

                                                                           Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                                дар вилояти Суғд