Аз рӯи нангу номуси ватандорӣ

129 просмотров

Ба мисли дигар ҷашнҳо ва рӯзҳои таърихи ба оилаҳои камбизоат, ятимону маюбон ва дигар қишри ниёзманди ҷомеа дар иди саиди Фитр низ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Ҷамоатҳои деҳот, соҳибкорон ва муҳоҷирони меҳнатии ноҳияи Ванҷ кумакҳо имсол низ расонида шуд. Дар ин амали хайру савоб саҳми соҳибкорони банангу номус ва ватандӯсте, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои СНГ кор ва зиндагони мекунанд, бештар ба назар мерасад.

Арзанда ва ёдоварист, ки зодаи ноҳияи Ванҷ, муҳоҷири меҳнатӣ, соҳибкори муваффақ Худоёр Давлатов, ки дар кишвари Краснодари Федератсияи Россия кор ва зиндагони мекунад дастур ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷо оварда, аз ҳисоби маблағњои бо заҳмат ба дастовардааш дар арафи иди саиди Фитр  қариб 12000 сомонӣ тавассути филиали дар Ванҷ будаи Амонатбонк интиқол доданд.

Ба гуфти раиси Ҷамоати деҳоти Рованд Дониш Немонов ба 50 хонаводаи деҳаи Рованд, ки миёнашон ятимону маюбон ва оилаҳои камбизоат низ ҳастанд як халтагӣ орд ва дигар маводҳои хӯрокворӣ харида њадия карда шуд.

                                                                                 Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                                      дар ноҳияи Ванҷ