Танзим-падидаи неки иҷтимоию иқтисодӣ

39 просмотров

Моҳияти инсондӯстӣ ва таҳаммулгароии дини мубини ислом низ маҳз дар анҷом додани амалҳои нек ва корҳои хайру савоб инъикос меёбад ва чунин аъмоли писандида ба таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва тақвияти робитаҳо миёни сокинони мамлакат мусоидат менамояд. Ин гуфтаҳо дар баромади Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода, 4 июни соли равон, дар маҷлиси ботантана бахшида ба иди саиди Фитр садо дод.

Зимни баромадашон Т.Каримзода қайд карданд, ки фарорасии иди Фитрро мову шумо бо оростани дастурхони идона, вале бо риояи қоидаҳои сариштакорӣ ва парҳез аз исрофкорӣ, бо қалби поку ниятҳои нек интизор мешавем, ба аёдати падару модарон ва калонсолон меравем, ба арвоҳи гузаштагонамон аз оятҳои каломи раббонӣ тиловат мекунем, ба азодорон таскин медиҳем ва қарзи имониву виҷдонии худро адо менамоем.

Бузургтарин савоб дар ин рӯзҳо хайру саховат кардан ба эҳтиёҷмандону дармондагон, оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва хабар гирифтан аз ҳоли онҳо мебошад, зеро ба таъбири бузургони халқамон аҷру подоши он аз фазилати ҳаҷҷи акбар ҳам зиёд мебошад, – афзуд ӯ.

         Воқеъан ба ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамдиливу ҳамнавозии халқи Тоҷикистон Қабул гардидани қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» падидаи неки иҷтимоию иқтисодӣ дар ҳаёти мардуми кишвар  маҳсуб меёбад, ки он ба мардум сабукиҳои зиёд овард. Пеши роҳи исрофкорӣ, зиёдаравӣ, раҳоии мардум аз банди худнамоӣ, таассубу хурофотпарастӣ то андозае гирифта шуд. Сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфт.

                                                                                       Анвар ЮСУПОВ