МАҚСАД – ТАШКИЛИ ЛОИҲАИ ДАСТГИРИИ МУҲОҶИРОН

708 просмотров

 

Дар арафаи фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар давраи аз 16 то 27-уми июни соли равон боздиди мушовир оид ба сиёсати муҳоҷирати дафтари марказии Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон Стефани Гёман ва коршиноси мустақил Оливер Кайнрад ба амал омад.

Ҳайати олмонӣ аз мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ бо мақсади баҳодиҳӣ ва баррасии паҳлӯҳои мухталифи лоиҳаҳои нав, ҷиҳати танзими вохӯриҳо бо намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ниҳодҳои зертобеи он, раёсатҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва литсейи касбӣ – техникии шаҳри Хуҷанд иҷозати расмӣ гирифта, силсилаи мулоқотҳо доир намуд.

Аз ҷумла, дар тарабхонаи «Хуҷанд – стар» бо кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд ва 6 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯрданд.

Дар оғози мулоқот меҳмонон мақсади сафарашон ба вилояти Суғдро шарҳ дода, баён доштанд, ки бардошту натиҷагирӣ аз ин гуна суҳбатҳои озод барои таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои минбаъда мусоидат хоҳад кард.

Аз ҷумлаи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳар нафарашон оид ба дар кадом давлат, ба кадом муддат дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштан ва бо кадом мушкилию муаммо дучор шуданашон ба таври мухтасар гузориш доданд. Ҳайати олмонӣ ба суханони Убайдулло Убайдуллоев, ки давоми 5 сол дар Федератсияи Россия ба ҳайси пешхизмат фаъолият намуда, бинобар хуб надонистани забони русӣ борҳо ба мушкилот дучор шудааст ва айни замон воридшавиаш ба қаламрави ин кишвар муваққатан манъ мебошад, бештар мароқ зоҳир намуд.

Мушовир оид ба сиёсати муҳоҷирати дафтари марказии Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон Стефани Гёман ва коршиноси мустақил Оливер Кайнрад дар идома бо фаъолияти шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд, ҳамкории он бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар самти бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатии баватанбаргашта ва бо литсейҳои касбӣ – техникӣ дар самти касбу ҳунаромӯзонии онҳо шинос шуданд. Дар ин хусус мутахассиси шуъба Дилноза Раҳматзода ба таври муфассал гузориш дод.

Дар ҷамъбасти мулоқот меҳмонон дастур доданд, ки дар ин самтҳои кор ҳамкорӣ бо сохтору мақомоти давлатӣ боз ҳам тақвият бахшида шавад.

 

                                                                           Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                                               дар шаҳри Хуҷанд