МУҲОҶИРОНИ НАВБАТӢ БО КОР ТАЪМИН ШУДАНД

702 просмотров

 

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мирзо ва К», ки таҳти сарварии Рустам Мирзобоев дар вилояти Суғд фаъолият мебарад, чандин сол боз муҳоҷирони меҳнатиро аз ноҳияҳои аграрии Спитамен, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод ва Мастчоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дмитрови вилояти Москва ва вилояти Волгогради Федератсияи Россия бо корҳои мавсимии кишоварзӣ таъмин менамояд. Қобили қайд аст, ки ширкат хизматрасониро дар сатҳи баланд ба роҳ мондааст ва давоми солҳои фаъолияташ ягон ҳолати фиреб хӯрдан ё ба мушкилот дучор шудани муҳоҷирони меҳнатии сафарбаргардида ба қайд гирифта нашудааст. Ин субъекти хоҷагидор ҳамеша рӯйхати муҳоҷирони меҳнатиро бо Раёсат мувофиқа менамояд, қабл аз гусел дар байни онҳо корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мемонад ва нафарони дар корҳои кишоварзӣ таҷрибаю малакаи кофии коридоштаро бо кори мавсимӣ таъмин мекунад. Бо назардошти он, ки дар мавриди муташаккилона сафарбар намудан, таъмини бехатарӣ ҳангоми сафар, бақайдмонии ҳуҷҷатҳо, расмикунонии муҳоҷирати меҳнатӣ, таъминот бо манзили зист, корҷомаву таоми гарм ва пардохти сарвақтии музди меҳнат ширкат ҳамаи уҳдадориҳои ба зимма гирифтаашро бекамукост иҷро мекунад, сол то сол эътимоди муҳоҷирони меҳнатӣ бештар мешавад ва бо даъвати нахустин ба муҳоҷират омода мешаванд.

Дар доираи тантанаҳои идона бахшида ба 22-юмин солгарди баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҶДММ «Мирзо ва К» гурӯҳи навбатии 35-нафараи муҳоҷирони меҳнатиро дар кишвари Рус бо кори мавсимӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ таъмин намуд. Тибқи иттилои сардори гурӯҳ Муродҷон Рустамов онҳо бо кордиҳандагон ба муҳлати 11 шартномаи меҳнатӣ бастаанд.

 

                                                                          Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                            дар вилояти Суғд